Хабарҳо

Blog

НАВБАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Украина системаи нави танзимро барои мошинҳои боркаш ҷорӣ кард

Санаи нашр: 24-05-2023 Просмотрено: 8239

Украина дар бораи ҷорӣ кардани системаи нави электронии "еЧерга" ("eCherha") дар нуқтаҳои назоратию гузаргоҳӣ дар самти ғарб эълон кард. Гуфта мешавад, ки системаи ҷадид корро дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ осон месозад. Дар ин бора Агентии миллии нақлиёти автомобилии (ANTA) ҶУ хабар медиҳад.

 

Системаи электронӣ барои  воситаҳои нақлиёти боркаш дар ҳудуди 16 нуқтаи убури сарҳад бо мақсади кам кардан ва дар ояндаи наздик пурра аз байн бурдани тамбашавии автомобилҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҷорӣ карда шудаст.   

Истифодабарандагони ин система метавонанд қаблан сабти ном шаванд, то вақти пешакӣ муайяншударо донанд, ки кай онҳо бояд ба гузаргоҳи сарҳадӣ ҳозир шаванд.Тавассути барнома онҳо дар бораи вазъи кунунии худ дар навбати электронӣ огоҳинома мегиранд.

ANTA ҳамчунин  зикр намудааст, ки системаи "еЧерга " аз 8 майи соли 2023  фаъол гардонида шудааст. Дар айни замон, мақомоти Украина  хабар медиҳанд, ки шахсони ҳуқуқие, ки автобусҳоро интиқол медиҳанд, аз моҳи июли соли ҷорӣ, шахсони воқеие, ки мошин доранд, аз аз моҳи августи ҳамин сол  метавонанд аз ситстемаи мазкур истифода баранд.