Хабарҳо

slider_img
slider_img

«БРАМОМ-4». Масъалаи беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид

Санаи нашр: 22-05-2023 Просмотрено: 2348

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи душанбе, 22 май, бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) таҳти роҳбарии   Муҳаммад Зулфиқор Аҳмад мулоқот намуд.

Дар мулоқот Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои Бонки ҷаҳонӣ бо кишварамон, бахусус, дар соҳаи нақлиёт ёдовар шуд ва  изҳори итминон намуд, ки лоиҳаи “БРАМОМ-4” бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ  хоҳад гардид.

 Ҷонибҳо масоили вобаста ба рафти корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи “БРАМОМ-4”, махсусан таҷдиди роҳи “Гулистон-Кўлоб” дар вилояти Хатлон, сохтмони пулҳо дар ВМКБ ва таҷдиди 4 қитъаи роҳҳои вилояти Суғдро  баррасӣ  намуданд.

Дар рафти мулоқот Азим Иброҳим дар бораи таъсиси Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт  иттилоъ дода,  моҳияти гузаштан ба сохти рақамикунониро дар пешрафти кори соҳа ба таври мушаххас баён дошт ва аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ хоҳиш намуд, ки барои гирифтани кумаки техникӣ мусоидат намоянд.

Дар навбати худ Муҳаммад Зулфиқор Аҳмад ба роҳбарияти вазорат барои ҳамкориҳои судманд арзи сипос намуда, афзуд, ки барои Тоҷикистон айни замон масъалаи сармоягузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика  бисёр муҳим аст. Аз ин лиҳоз, бино ба суханони ӯ,    бояд зарурияти татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба нақлиёт ва роҳҳои кишвар  сареҳ нишон дода, ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт густариш дода шаванд.  

Мавриди зикр аст, ки ҳайати мазкур то 30 майи соли равон  бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар татбиқи марҳилаи чоруми лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)” бо намояндагони Вазорати нақлиёти ҶТ, аз ҷумла Гуруҳи татбиқи лоиҳаи вазорат якчанд мулоқот доир мекунад.  То охири ҳафта Гуруҳи корӣ барои шиносоӣ  бо  рафти корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои роҳ ба вилояти Суғд сафар хоҳад кард.

Мавриди зикр аст, ки дарозии  роҳи “Гулистон – Кӯлоб”   32,5 километр буда, таҷдиду навсозии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи нақлиёт арзёбӣ намуданд, ки дар соли 2023 амалӣ хоҳанд гардид.

Дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, “БРАМОМ-4” инчунин дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо дарозии 200 метр ва сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 км,    бунёди роҳи автомобилгард дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони ду долони зиддитармавӣ бо дарозии умумии 840 метр (290м+550 м) ва сохтмони як пул бо дарозии 82,3 метр пешбинӣ шудааст.

 Ғайр аз ин, дар ҳудуди вилояти Суғд азнавсозӣ ва таҷдиди қитъаҳои роҳҳои автомобилгард бо дарозии умумии 51,2 км ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла:

   - таҷдиди қитъаи “Куруш – Бекобод” бо дарозии - 12,3 км;

   - таҷдиди қитъаи роҳи  “Деҳмой – Б.Ғафуров” бо дарозии - 22,0 км;

   - азнавсозии қитъаи роҳи “Б.Ғафуров – Хистеварз” бо дарозии 6,6 км;

   - азнавсозии қитъаи Конибодом - Кучкак бо дарозии 10,3 км.