Ҷавонони саодатманди соҳаи роҳу нақлиёт!
Шуморо, ки дар пешбурди сиёсати ягонаи нақлиётии кишварамон бевосита саҳмгузоред, ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба якояки шумо тансиҳатию осудагии рӯзгор ва фазои сулҳу осоишро орзу дорам. Итминон дорам, ки бо сайъу талош ва омӯзишу такмили пайвастаи донишу таҷрибаи худ ба боварии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони насли ояндасози миллат сазовор мегардед.
Бебаҳс дар ҳама давру замон қишри ҷавони ҷомеа ҳамчун нерӯи бузург ва муҳаррики пурқудрат дар пешрафти ҳамаи соҳаҳо нақши муҳим доранд. Имрӯз, ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо қувваи бузург, нерӯи тавоно ва ояндаи дурахшони миллатанд. Аз ҳамин рӯ, Роҳбарияти олии кишварамон ба масъалаи таълиму тарбия, ташаккули афкори ҷавонон муносибати хирадмандона ва дурбинона дорад. Рушду нумуи устувор ва дастовардҳои беназири Тоҷикистони азиз, ки мо 30-юмин солгарди Истиқолияти давлатии онро бо руҳияи баланди сиёсӣ ва дастовардҳои назаррас дар ҳама самтҳои ҳаёт – иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷашн гирифтем, имконоти моро барои ҷалби диққати бештар ба масъалаи ҷавонон ва мақому манзалати онҳо дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст. Мо хуб огоҳем, ки дар ин давра дастоварду комёбиҳои ҷавонони кишвар ба маротиб афзуда, ҷавонон бо дастовардҳои илмию варзишии худ кишвари моро дар арсаи ҷаҳон муарифӣ менамоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон дар самти дастгирии ҷавонон барномаву тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола 23-юми май ба таври фарогир ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи таҷлили ин ҷашни ҷавонӣ чорабиниҳои зиёде баргузор гашта, ҷавонони фаъол қадрдонӣ меёбанд, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон нишон медиҳад.
Боварӣ дорам, ки таваҷҷуҳу ғамхории бесобиқаи давлат ва ҷомеа ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон ҳар як ҷавонро водор менамояд, ки баҳри донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунар ва саҳмгузорӣ дар ободию шукуфоии Ватани биҳиштосоямон саъю талоши бештар намояд.
Тавре ҳамагон аз тариқи воситаҳои ахбори омма иттилоъ дорем, имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ аз ҷониби ҷавонони баору номуси кишвар иншооту корхонаҳои мухталифи хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, барои даҳҳо тан сокинон ҷойҳои корӣ фароҳам оварда мешаванд. Ҷавонон аз дастгириҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар руҳбаланд гардида, ҳамчун пайравони содиқу сазовори Пешвои муаззами миллат дар роҳи ба даст овардани комёбиҳои боз ҳам баланду чашмрас талош меварзанд.
Феълан, ҷаҳони муосир насли ҷавонро водор менамояд, ки бо илму донишандӯзӣ, маърифату ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дигар зарфиятҳои зеҳнию ҷисмонии худ дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз ҳуввияти миллии хеш устувор бошанд. Зеро ояндаи халқу пойдории ҳар давлату миллат аз наслҳои ҷавон вобаста аст, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва рушду нумӯи он ҳамеша ҳушёру омодаи хизмат бошанд.
Бояд зикр намуд, ки имрӯз сафи ҷавонон дар соҳаи нақлиёту роҳ низ назаррас аст ва дар байни онҳо ҷавонони фаъолу болаёқат зиёданд. Новобаста аз ин, бояд дар хотир дошт, ки барои баланд бурдани сатҳу сифати кори соҳа ва ба натиҷаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз худ намудани дастовардҳои илмию техникӣ дониши мукаммали касбӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ зарур аст. Мо бояд дар ин самт бештар кор барем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, то ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардем.
Бори дигар ҷавонони соҳаи соҳаи роҳу нақлиётро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон дар роҳи пуршарафи хизмат ба Ватан-модар муваффақиятҳои беназир таманно дорем!