Хабарҳо

slider_img
slider_img

Дар бораи муҳтавои Ёддошти тафоҳум, ки байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Чин ба имзо расид

Санаи нашр: 20-05-2023 Просмотрено: 2189

Тавре ки қаблан хабар дода шуда буд, 18 майи соли равон дар шаҳри Сиани  Ҷумҳурии Мардумии Чин  пас аз анҷоми мулоқоту музокироти  сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси  Ҷумҳурири Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро имзо карданд.

 

Илова бар ин, дар ҳузури сарони ду давлат боз 13 санади нав, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.   

Тибқи ин санад,  мақомоти давлатии нақлиётии ду кишвар омодагии худро ҷиҳати идома додан  ва густариш бахшидани ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" ва муколамаи "Осиёи Марказӣ — Чин" изҳор намуда, тасмим гирифтанд, ки дар самтҳои зерин ҳамкорӣ намоянд:

- Сохтмон ва таҷдиди нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии Қулма-Қаросу бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалӣ;

- Сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Барсем (ноҳияи Шуғнони  ВМКБ) - Қулма (марзи  ВМКБ ҶТ ва  НХСУ  ҶМЧ) дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Мурғоб – Қулма;

- Фаъолсозӣ ва муҷаҳҳаз  сохтани Маркази нақлиётию логистикии шаҳри Кӯлоб. Интизор меравад, ки тавассути гузаргоҳи нақлиётии мултимодалии "Чин-Тоҷикистон-Туркманистон-Эрон-Туркия" бори аввал борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Кӯлоб, ки дар он яке аз 5 минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон  фаъолият мекунад, интиқол дода шавад. Аз ин ҷо борҳо ба Узбекистон -Туркманистон -Эрон - Туркия, сипас ба кишварҳои Аврупоӣ интиқол  меёбанд.