Дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт аз масъалаҳои асосие буд, ки дар ҷараёни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардиданд.
Тавре қаблан хабар дода шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 май барои анҷом додани сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар саммити сарони давлатҳои "Чин+ Осиёи Марказӣ" ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин, ки ба шарафи меҳмони олиқадр идона ороста шуда буд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати кишвари дӯсту ҳамсояи Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба хотири пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон горди фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин парафшон буданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми дар Пекин буданашон якчанд вохӯриҳои сатҳи олиро баргузор намуда, масъалаҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун – аз нақлиёт, энергетика, саноат сар карда то коркарди маъданҳои фоиданок, кишоварзӣ, тиҷорати электронӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд.
"Мо ба рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек аҳамияти муҳим медиҳем. Ин муносибатҳо доираи васеи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амният фаро мегиранд",- изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Аз ҷумла, дар мулоқоти Сарвари Давлати Тоҷикистон бо Сарвазири Шӯрои Давлатии Чин Ли Цяно масоили вобаста ба ҷалби технологияҳои муосири чинӣ ва тавсеаи содироти мол аз Тоҷикистон муҳим дониста шуданд.
Дар музокирот бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжэн ба лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла дар соҳаи роҳу нақлиёт таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Сухан дар бораи васеъ кардани гузаргоҳҳои транзитӣ, навсозии нуқтаи назоратии “Қулма-Каросу”, татбиқи марҳилаи дуюми сохтмони роҳи автомобилгарди “Душанбе-Кулма” ва васеъ кардани ҷуғрофияи алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо мерафт.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои таъсиси пойгоҳи истеҳсолии технологияҳои "сабз" дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17 май Бо Президенти Бонки осиеии сармоягузории инфрасохторӣ Ҷин Лицюн мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои маблағгузории минбаъдаи рушди "инфрасохтори сабз" дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шаҳрдорӣ мубодилаи афкор намуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 17 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва иштирок дар саммити "Осиёи Марказӣ — Чин" ба шаҳри Сиан (вилояти Шанси) омаданд. Меҳмони воломақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин самимона истиқбол гирифтанд.
Муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории ду давлат аз мулоқоти шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин оғоз гардида, дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Чин идома ёфт. Сарвари давлати Тоҷикистон аз дастгирии Ҳукумати Чин дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз қабили барномаҳои стратегӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва саноат изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадор, аз қабили “иқтисоди сабз”, технологияҳои рақамӣ, инфрасохтор, энергетика, сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ва сохтмони хатҳои интиқоли барқро баррасӣ карда шуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар масъалаи таҷдиди Ширкати алюминийи тоҷик "ТАЛКО" тадбирҳои муштарак меандешанд. Ҳамчунин бо мақсади татбиқи лоиҳаи ба роҳ мондани истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо дар Тоҷикистон қадамҳои зарурӣ ба ҷо оварда мешаванд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди таъсис додани долони нақлиётии "Чин — Тоҷикистон — Афғонистони Шимолӣ"-ро дастгирӣ мекунад ва дар ин самт таҳия ва татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Варшез дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то чорроҳаи "Қулма – Каросу" ва таҷдиди КПП "Қулма – Каросу" - ро муҳим мешуморад. Ин ташаббус аз ҷониби роҳбари Чин мусбат қабул карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои барқарорсозии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар масири "Душанбе – Пекин", робитаҳо дар самти рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон, истифодаи иқтидорҳо барои густариши ҳамкориҳои башардӯстона, аз ҷумла илму маориф, афзоиши шумораи квотаҳои таълимии Чин барои Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Дар натиҷаи вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои сатҳи баланд байни Тоҷикистону Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ра Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин "Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин" - ро имзо карданд.
Дар ҳузури сарони давлатҳо инчунин 13 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.
18 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Сиан бо намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот карданд. Дар рафти суханронӣ Сарвари давлат таваҷҷуҳи ширкатҳои чиниро ба самтҳои муфид ва ояндадори ҳарду давлат, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, саноат, рушди саноати кӯҳӣ, металлургия, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, нақлиёт ва таъсиси марказҳои логистикӣ ҷалб намуданд.
Илова бар ин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои директорони ширкати истихроҷи маъдан "Зиҷинг" Чэн Ҷинхэ, муовини директори генералии ширкати "BYD – Осиеи Марказӣ" Иван Цао Ва Раиси Шӯрои директорони ширкати истихроҷи маъдан "Ҷитсун Литий" Нан Ҷинси мулоқотҳои алоҳида доир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Сиан, воқеъ дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Мардумии Чин 18-19 май саммити сарони давлатҳои "Чин — Осиёи Марказӣ" баргузор мешавад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов иштирок мекунанд. Форумро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мегузаронад.
Ин аввалин саммити раҳбарони шаш кишвар дар шакли рӯ ба рӯ аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни онҳо 31 сол пеш аст. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҳамоиш сарони давлатҳо дар бораи ташкили механизми Чин — Осиёи Марказӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ва имзои ҳуҷҷатҳои муҳими сиёсӣ сӯҳбат кунанд.
(Хабар бо истифода аз маводи Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ омода гардидааст).