11 май дар Душанбе мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Бонки Осиёии рушд (БОР) таҳти сарварии намояндаи раёсати Осиёи Марказӣ ва Ҷанубии БОР Сонгюн Ким баргузор гардид.
Азим Иброҳим Сонгюн Кимро бинобар таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфт ва изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории БОР бо Тоҷикистон минбаъд боз ҳам бештар густариш меёбад.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди соҳаи нақлиёти кишвар, аз ҷумла беҳтар намудани ҳолати роҳҳои автомобилгард ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, ки дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба миён гузошта шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Азим Иброҳим аз ҳамкорӣ бо БОР изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин робита аҳамияти маблағгузории лоиҳаҳои ҳамкориро, ки дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон амалӣ мешаванд, махсус зикр намуд. Аз ҷумла, ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди ”Хуҷанд – Ашт”, “Бохтар – Ҷ. Балхӣ – Қабодиён – Носири Ҳисрав –Айваҷ” ва “Айнӣ – Мастчоҳи Кӯҳӣ – Хуҷанд” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қобили зикр аст, ки роҳи "Айнӣ – Мастчоҳи Кӯҳӣ – Хуҷанд" барои Тоҷикистон аҳамияти калон дошта, қисми шарқии ноҳияи Айнӣ ва тамоми ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳиро бо пойтахти ҷумҳурӣ, маркази маъмурии вилояти Суғд ва дигар манотиқи кишвар тавассути нақлиёти автомобилӣ ба ҳам мепайвандад.
Роҳи мошингарди “Айнӣ – Мастчоҳи Кӯҳӣ” солҳои 60-уми асри гузашта бунёд гардидааст. Ин роҳ минтақаҳои баландкӯҳро убур сохта, ба он мавзеҳои душворгузар, доманакӯҳҳо ва тағйиррёбии шадиди иқлим хос аст. Ҳар сол дар фасли зимистон барфи зиёд меборад, дар натиҷаи селҳо ва сангрезиҳои аввали баҳор дар роҳи автомобилгард қисмҳои алоҳидаи он вайрон мешаванд, барои ҳаракати нақлиёт мушкилоти зиёде ба вуҷуд меояд ва аз ин сабаб роҳ давра ба давра баста мешавад. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таъмиру барқарорсозиро дар роҳи автомобилгарди "Айнӣ - Мастчоҳи Кӯҳӣ" оғоз намудаааст, ки навсозии тамоми соҳати роҳ, минҷумла ба меъёрҳои категорияи техникии IV мутобиқ сохтани андозаи геометрӣ, иншооти сунъӣ, либосҳои роҳ ва дигар унсурҳои ҳолати роҳи мазкурро пешбинӣ менамояд.
Арзиши лоиҳаи мазкур 92,9 миллион доллари ИМА, аз ҷумла таҷдиду барқарорсозии роҳ - 91,5 миллион доллар, таҷдиди пулҳо – 1,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Аъзои ҳайати БОР инчунин бо номгӯи дигар лоиҳаҳои бузурги сармоягузории соҳаи нақлиёти Тоҷикистон, ки татбиқи онҳо дар ояндаи миёнамӯҳлат пешбинӣ шудааст, шинос карда шуданд. Қобили зикр аст, ки танҳо соли 2023 ба татбиқи лоиҳаҳои роҳҳои автомобилгарди "Гулистон – Кӯлоб" (32,5 км), "Данғара – Гулистон" (49,2 км), "Гулистон – Фархор" (40 км), "Бохтар –Левакант – Данғара" (40 км), 4 қитъаи роҳҳо дар вилояти Суғд (52 км), сохтмони пулҳо дар болои дареи Ғунд ва Шорфдар, гузаргоҳҳои зидди тарма дар мавзеи Барсем (4,6 км) дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон оғоз ниҳода мешавад.
Яке аз масъалаҳое, ки дар ҷараёни мулоқот баррасӣ гардиданд, оғози татбиқи лоиҳаи "Усулҳои идоракунии дороиҳои роҳҳо (УИДР)" буд. Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим иттилоъ дод, ки татбиқи ин лоиҳа аллакай оғоз пазируфтааст ва вазорат ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ амалӣ сохтани он тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Вазир хариди таҷҳизоти зарурӣ барои таҳқиқи роҳҳо ва ҷамъоварии маълумот, инчунин кортҳои электрониро натиҷаи назаррас дар роҳи татбиқи ин лоиҳа номид.
Дар навбати худ ҷаноби Сонгюн Ким аз оғози татбиқи лоиҳаи УИДР дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард ва иброз дошт, ки БОР омода аст дар ҳамкорӣ бо вазорат мушкилот ва ниёзҳои мавҷудаи татбиқи онро ҳал кунад. Ӯ гуфт, БОР умуман ба тақвияти ҳамкориҳо бо вазорат ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо манфиатдор аст ва илова намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва сармоягузории судманд имкониятҳои фаровон дорад.
Едовар мешавем, ки ҳадафи асосии Бонки Осиёии рушд (The Asian Development Bank, ADB), ки соли 1966 таъсис ёфтааст, дастгирии молиявии рушди иқтисодиёт дар Осиё ва Шарқи Дур мебошад.
БОР кумак ба соҳаи нақлиёти Тоҷикистонро авохири солҳои 90-ум шуруъ кардааст. То имрӯз бонк ба ин соҳаи кишвар тақрибан як миллиард доллари ИМА сармоягузорӣ намудааст. Лоиҳаҳои БОР ба барқарорсозии робитаҳои асосии минтақавӣ ва навсозии гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани амният ва нигоҳдории роҳҳо, беҳтар кардани идоракунии дороиҳои роҳ ва таъмири роҳҳои деҳот бо мақсади коҳиш додани камбизоатӣ равона карда шудаанд.
Стратегияи ҳамкории БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мутобиқи Стратегияи БОР то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия карда шудааст.