Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси номаи Қонсулгарии генералии ҶТ дар Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоь медиҳад, ки бинобар хабари хадамоти матбуоти Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 20 апрели соли 2023, дар марзи давлатии Қазоқистону Ўзбекистон беш аз 200-250 мошин дармондаанд.
Тавре намояндаи Кумитаи даромадҳои давлатӣ шарҳ додааст, қаблан дар марзи Қазоқистон-Ўзбекистон дар вилояти Туркистони ҶҚ гузаргоҳи «Қапланбек» барои таъмир ва бозсозӣ баста шуда буд. Бо ин далел, аз 15 феврали соли 2023 тавассути гузаргоҳҳои «Қазигурт» (Қазоқистон )- С.Наҷимов» (Ўзбекистон) ва «Атамекен» (Қазоқистон)-«Гулистон» (Ўзбекистон) рафту омади шахсони алоҳида ва мошинҳои сабукрав манъ шуда, акнун аз ин гузаргоҳҳо танҳо мошинҳои боркаш метавонанд убур намоянд.
Ҳамзамон, гузаргоҳи «Жибек Жолӣ» шабонарўзӣ ва дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият намуда истодааст. 20-уми апрели 2023 бо сабаби шароити номусоид обу ҳаво тамбашавии воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд омада, барои гузаштани марзи Ҷумҳурии Ўзбекистон 200-250 адад мошинҳо дар навбат қарор доштанд.
Тибқи иттилои он ниҳод, то рўзи 21 апрел ҷамъомади мошинҳо, ки дар гузаргоҳи «Жибек Жолӣ» тамба шуда буданд, ҳудуди 150 ададро ташкил дод. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани ҳаҷми интиқол мақомоти давлатии Қазоқистон ва Ўзбекистон ба реҷаи пурзўр гузашта, коршиносон итминон доданд, ки дар ояндаи наздик мушкилии бавуҷудомада бартараф хоҳад шуд.
Ҳадамоти матбуоти мазкур ба ронандагон ва ширкатҳои боркашон тавсия медиҳад, ки ба мақсади банақшагирии самараноки масири худ ва пешгирӣ аз бандшавӣ дар сарҳад, тартиби ҷории сафарро аз манобеи интернетии Департаменти даромадҳои давлатии дар вилояти Туркистон (trk.kgd.gov.kz) пайгирӣ кунанд.
Гузаргоҳи «Қапланбек» аз 1 ноябри соли 2022 ба муддати 19 моҳ барои таъмир ва бозсозӣ баста шуд. Сабаби баста шудани ин гузаргоҳро ҷониби Қазоқистон зарурати навсозӣ ва таъмин намудан бо таҷҳизоти фаннӣ маънидод кард.
Тибқи иттилои Департаменти даромадҳои давлатии вилояти Туркистон, айни ҳол шаҳрвандон имкон доранд тавассути гузаргоҳҳои зерин марзи Қазоқистону Ўзбекистонро убур намоянд: «Жибек Жолӣ»- «Тишт Куприк» (шахсони инфиродӣ, автомобилҳо ва автобусҳо); «Сирдарё» - «Малик» (шахсони инфиродӣ ва автомобилҳо); «Целинный» - «Ок олтин» (шахсони инфиродӣ ва автомобилҳо); «Б. Конысбоев» - «Яллама» (шахсони инфиродӣ, автомобилҳо, автобусҳо ва воситаҳои нақлиёти боркашони борбардориашон то 3,5 тонна).
Ғайр аз ин, тавре дар сомонаи расмии Кумитаи давлатии гумруки Ўзбекистон хабар дода шудааст, миёни ду кишвар боз як гузаргоҳи автомобилии «Тажен» (вилояти Мангистауи Қазоқистон) «Даут - Ата» (Ҷумҳурии худмухтори Қарақалпокистони Ҷумҳурии Ўзбекистон) фаъол аст.
АКСИ тасвирӣ аз Otyrar.kz