Хабарҳо

slider_img
slider_img

ҚАТОРАИ КОНТЕЙНЕРИИ «ТОҶИКИСТОН – АВРУПО» АЗ ТАРИҚИ ТУРКМАНИСТОН. Дар Душанбе дар ҳузури сарони давлатҳо ду санади муҳим дар соҳаи нақлиёт ба имзо расид

Санаи нашр: 11-05-2023 Просмотрено: 1537

Тавре ки қаблан хабар дода шуда буд, 10 майи соли равон дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузур ва бо иштироки бевоситаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сардор Бердимуҳаммадов 24 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ду номгӯи  онҳо ба соҳаи нақлиёт дахл доранд.

Барномаи чорабиниҳои якҷоя (“Харитаи роҳ”) дар бораи густариши ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати зиёд кардани ҷараёни бор ва фаъолгардонии боркашонии мултимодалӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии нақлиёт ва комуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон барои солҳои 2023-2025-ро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори кулли Агентии нақлиёт ва комуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон Маметхон Чакиев имзо намуданд.

"Харитаи роҳ", аз ҷумла, андешидани чунин тадбирҳоро дарбар мегирад:     

 - фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла истифодаи афзалиятҳои тарифӣ, барои зиёд кардани ҳаҷми боркашонии тариқи роҳи оҳан байни корхонаи "Туркмендемырёллары" ("Роҳи оҳани Туркманистон") ва  КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон;

- гузаронидани вохӯриҳои коршиносон ва муайян намудани операторони миллии логистикии ду давлат оид ба ташкили ҳамлу нақли контейнерӣ аз тариқи хатсайри “Туркманистон-Узбекистон-Тоҷикистон-сарҳади Чин”;

- омӯзиши имконияти ташкили қатораи байналмилалии контейнерӣ аз тариқи хатсайри “Тоҷикистон- Аврупо” тавассути Туркманистон;

- омӯзиши имконияти рушди хизматрасонии логистикии убур бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми интиқоли борҳои содиротию воридотӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва баҳрӣ;

- ҷалби ширкатҳои нақлиётӣ-логистикӣ  ыищати  истифодаи иқтидор ва хизматрасониҳои Бандари байналмилалии Туркманбошӣ;

- таъмини шароити мусоид ба соҳибон, интиқолдиҳандагон ва  муассисаҳои  экспедиторӣ ҳангоми ташкили ҳамлу нақли байналмилалӣ.

Ба дурнамои рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ дар дигар санади имзошуда - Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии "Турменавтоулаглари" - и Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи  назди  Девони вазирони Туркманистон оид ба рушди ҳамлу нақли байналмилалии нақлиётӣ низ диққати махсус дода мешавад.

       Тибқи Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо ният доранд, ки ба рушди робитаи мустақими иқтисодӣ байни корхонаҳо ва ташкилотҳои нақлиётии ҳарду кишвар аҳамияти калон диҳанд.

      Дар ҳуҷҷат аҳамияти баланд бардоштани самаранокӣ ва таъсиси гузаргоҳҳои нави байналмилалии нақлиётӣ, аз ҷумла  долони нацлиётии мултимодалии Чин -Тоҷикистон -Узбекистон -Туркманистон -Эрон -Туркия таъкид шудааст.

Тавре Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим қаблан ба хабарнигорон гуфта буд, " истифодаи долони мазкур аз ҷиҳати кам кардани масофа ва  коҳиш додани хароҷоти боркашонӣ нисбат ба долонҳои мавҷуда самараноктар аст. Афзалияти ин долон дар пайвастшавии Тоҷикистон бо Чин тавассути роҳи автомобилгард мебошад, ки ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад”.