Хабарҳо

Blog

ВАҚТЕ КИ МУСОФИР ҲАҚ АСТ... Вокуниши МД " Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" ба муроҷиати шаҳрвандон

Санаи нашр: 06-05-2023 Просмотрено: 3735

Роҳбарияти раёсати Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" дар вилояти Суғд ба муроҷиати шаҳрвандон вокуниш нишон дод.

Дар номае, ки бо имзои сардори раёсат Ш. Аҳмадҷонов таҳти № 255 аз 6 майи соли 2023 ба сомонаи расмии Вазорати нақлиёти ҶТ ворид шудааст, аз ҷумла, гуфта мешавад:

"Муроҷиати шаҳрвандон, ки дар саҳифаи Гурӯҳи "Ахбор барои афкор" дар шабакаи иҷтимоии Facebook дар бораи рафтори Дилшод Набиев, ронандаи микроавтобуси тамғаи Mercedes-Benz Sprinter, рақами давлатиаш 66-64 ТТ06, ки дар хатсайри № 17 “Панчшанбе – маҳаллаи 28 – ум хидмат мерасонад, нашр шудааст, дар ҷамъомад бо иштироки шахсони масъули идораҳои вилоятии МД " Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт” ва ҶСК “Сорбон”, ки ба он хатсайри дар боло зикршуда ба мӯҳлати як сол вобаста карда шудааст, инчунин худи ронанда Д.Набиев мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки " ронандаи микроавтобус Дилшод Набиев, ки дар хатсайри № 17 ба мусофирон хизмат мерасонад, 3 майи соли 2023 соати 7: 29 дар микрорайони 27-уми шаҳри Хуҷанд ҳангоми дидани мусофире, ки бо кӯдак истода буд, нақлиёти автомобилиро манъ накард ва ҳаракатро идома дод. Ин бори сеюм такрор мешавад".

Маълум шуд, ки Д. Набиев 12 сол собиқаи кории мусофиркашонӣ дорад. Вай ба рафтори ношоистаи худ иқрор шуд ва ваъда дод, ки минбаъд қатъиян тибқи дастури хидматӣ амал мекунад.

Бо назардошти муроҷиати шаҳрвандон ва мавҷудияти камбудӣ дар сифати хизматрасонии ронанда Д.Набиев ба ӯ танбеҳ эълон карда шуд».

 

 

 

 

//