Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН ҲАМКОРИРО ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ ТАВСЕА МЕБАХШАНД. Дар Ню-Деҳлӣ мулоқоти Вазирони нақлиёти ҳарду кишвар доир гардид

Санаи нашр: 29-04-2023 Просмотрено: 2452

28-уми апрели соли ҷорӣ, пас аз баргузори Ҷаласаи машваратии вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонҳой (СҲШ) дар шаҳри Ню-Деҳлӣ бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон вохӯрии дуҷонибаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ҳиндустон Нитин Гадкари баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим ба ҳамтои худ салому паёми самимона иброз намуда, барои пазироӣ, меҳмоннавозӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани  мулоқоти вазирони кишварҳои узви СҲШ изҳори   қаноатмандӣ намуд.   

Ҷонибҳо зикр карданд, ки  Тоҷикистон ва Ҳиндустонро риштаҳои амиқи дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории самарабахш ба ҳам мепайванданд. Таъкид  гардид, ки дар айни замон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти ҳавоӣ, роҳҳои оҳан ва автомобилгард аз самтҳои муҳими  муносиботи дуҷониба маҳсуб мегардад.

 “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи нақлиёт дар кишвари мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, - изҳор намуд Азим Иброҳим. - Бо ибтикор ва азму   кушиши  бевоситаи Сарвари давлат дар 30 соли Истиқлолият ба масофаи садҳокилометр роҳу пулҳо ва  гузаргоҳу тунелҳо сохта шуданд ва дар натиҷа яке аз ҳадафҳои стратегии  Тоҷикистон– баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ  амалӣ гардид.   Ҳоло кишвари мо таҳти сарварии Пешвои миллат ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафи навбатии стратегӣ – саноатикунонии босуръат ва ба кишвари танзитӣ табдид додани Тоҷикистон саъю талош дорад”.

  Азим Иброҳим бо камоли мамнуният иброз намуд, ки Ҳукумати Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар сохтмони роҳҳои автомобилгард ҳамкориҳои судманд дорад. Аз ҷумла, бо дастгирии Ҳукумати Ҳиндустон ва ташаббуси сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳи хеле хубу замонавӣ сохта шуд.  Марҳалаи якуми сохмони роҳи мазкур  анҷом пазируфт ва марҳалаи дуюм оғоз гардид.

“Дар маҷмуъ, мо аз чунин ҳамкорӣ қаноатманд ҳастем ва кушиш дорем онро тақвият ва тавсеа бахшем”, - гуфт ӯ.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамзамон хабар дод, ки шуруъ аз моҳи майи соли ҷорӣ шумораи парвозҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон  боз як маротиба зиёд карда, ҳафтае ду маротиба ба роҳ монда мешавад.

Вазири нақлиёти Ҳиндустон Нитин Гадкарӣ зимни мулоқот ба маълумот расонид, ки дар Ҳиндустон ба cоҳаи нақлиёт, аз ҷумла, ба технологияҳои нав таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, бори аввал бо ширкати ҷопонии “Toyota” истифодаи автомобилҳои нав бо сӯзишвории гидрогенӣ ба роҳ монда шудааст.    

  Нитин Гадкарӣ  зикр намуд, ки  дар давоми ҳашт соли охир  кишвараш дар соҳаи роҳу нақлиёт сазовори 8 ҷоизаи ҷаҳонӣ гаштаст.

“Мо имрӯз технологияҳои беҳтарини ҷаҳонро истифода  мекунем, зидди ифлосшавиии муҳити зист мубориза мебарем.     

 Айни замон аз рӯи технологияи нав - партовҳо барои рӯйпуш дар сохтмони роҳҳоро ба кор бурда истодаем. Инчунин нахи пӯлодро истифода мекунем”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Нитин Гадкарӣ, Ҳиндустон истифодаи технологияҳои нави роҳсозиро муштарак мо бо давлати Малайзия ба роҳ мондаст. Пештар воридоти шинаҳои дар истифодабудаи (куҳнаи) резинӣ  манъ  шуда буд. Ҳоло иҷозат додаанд, ки онро ҳамчун маҳсулот дар сохтмони роҳҳо истифода  намоянд.    “Мақсади асосии мо кам кардани хароҷот ва беҳтар намудани сифат мебошад. Истифодаи технологиҳои нав имкон дод, ки мо хароҷотҳоро то 40% коҳиш диҳем”, - хабар дод Гадкарӣ.    

Азим Иброҳим ҳамзамон оид ба дарозии умумии роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла мансубияти ин роҳҳо ба ҳамтои ҳиндустонии худ маълумот дод.   “Имрӯз яке аз масъалаи мубрами ин самт “Системаи идоракунии дороиҳои роҳ” мебошад, ки мо болои он корбарӣ карда истодаем. Дар ин самт таҷрибаи Ҳиндустон барои мо қобили истифода аст”, - гуфт Вазири нақлиёти Тоҷикистон.

  Вазири нақлиёти Ҳиндустон дар идомаи суҳбат гуфт, ки аз ҳисоби гардиши автомобилҳо  кишвараш дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд. Аз ин ҳисоб даромади соҳа низ зиёд гардидааст. Соли 2022 дар Ҳиндустон    бори аввал дар таърихи кишвар беш аз 3 миллион автомобил фурухта шудааст.

Зимни мулоқот  ҷаноби Гадкарӣ оид ба нақшаҳои ояндаи рушди соҳа,  аз ҷумла, дар бораи лоиҳаи бо ном “Парват мала” (“Занҷираи куҳҳо”) маъулумот дод, ки он истифодаи нерӯи офтобро пешбинӣ мекунад.  

Дар  фарҷоми мулоқот Азим Иброҳим барои пешрафти корҳо ба ҳамтои худ мувафаққият таманно намуда, аз ӯ даъват кард, ки дар вақти барояш муносиб  ба Тоҷикистон ташриф  орад.

Нитин Гадкари низ барои расонидани кӯмак ва мубодилаи таҷрибаҳои пешрафта дар соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт ба Азим Иброҳим изҳори омодагӣ намуд. 

Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахши роҳсозӣ,  нақлиёту логистика ва рақамикунонӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Вохӯрии дуҷониба дар фазои дустӣ ва ҳамдигарфҳмӣ доир гардид.