24 апрел дар Душанбе, дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Роҳҳои Тоҷикистон: ҳолат, мушкилот ва дурнамои рушд" баргузор гардид, ки онро Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони (ШБР) ИДМ бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд.
Дар конфронс намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок намуда, масъалаҳои зиёдеро вобаста ба рушди соҳаи роҳҳои автомобилгард ва ҷорӣ намудани технологияҳо, маводҳо ва таҷҳизот ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир ва нигоҳдории роҳҳо баррасӣ намуданд.
Конфронс бо суханони ифтитоҳии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси ШБР Бӯрӣ Каримов ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Машварати ҳамоҳангсозии нақлиёти ИДМ Наталя Шебаршина ба кори худ ҳусни оғоз бахшид.
Сипас муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода дар назди иштирокчиени конфронс дар мавзӯи "Роҳҳои Тоҷикистон: ҳолат, мушкилот ва дурнамои рушд" баромад кард. Зикр гардид, ки сохтори шабакаи роҳҳои Тоҷикистон аз зичии аҳолӣ ва омилҳои ҷуғрофӣ вобаста аст. Дар айни замон дарозии роҳҳои Тоҷикистон 27767 километрро дар бар мегирад. Шабакаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ қариб 14000 киломатрро ташкил медиҳад. Беш аз 90% гардиши мусофирон ва зиёда аз 93% интиқоли бор дар ҶТ тавассути нақлиёти автомобилӣ амалӣ карда мешавад, аз ин рӯ роҳҳои автомобилгард барои рушди иқтисодии кишвар аҳамияти калидӣ доранд.
Зичии шабакаи роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон дар соли 2020 дар масоҳати 1000 километри мураббаъ 187,0 км, аз ҷумла роҳҳои истифодаи умумӣ бо пӯшиши сахт 88,7 км буд.
Рушди соҳаи нақлиёт барои Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад, аз ин сабаб баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҷумҳурӣ ба он ноидл гардид, чанд сол пеш ҳадафи стратегии Ҳукумати ҶТ, вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими рушди кишвар эълон шуда буд.
Зикр карда шуд, ки дар айни замон Вазорати нақлиёти ҶТ фаъолияти худро дар асоси сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафи дигари стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат-табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ба роҳ мондааст. Бо ин мақсад ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 828,4 миллион доллари ИМА амалӣ карда мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 Барномаи мақсадноки давлатии "Рушди комплекси нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025" - ро тасдиқ кард ва ҳоло рушди марҳилавии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ амалӣ карда мешавад. Дар давоми се соли оянда Ҳукумати ҶТ ба нақша гирифтааст, ки барои таҷдиду барқарорсозии беш аз 500 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ба маблағи беш аз 150 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ кунад.
Айни замон лоиҳаи нави Кодекси нақлиёти автомобилӣ барои таъмини амнияти роҳҳои автомобилгарди минтақавӣ таҳия карда мешавад. Бо мақсади баланд бардоштани ихтисоси мутахассисон оид ба масъалаҳои коркард ва азхудкунии технологияҳои пешрафта, такмили системаҳои маблағгузорӣ ва идоракунии хоҷагии роҳ Вазорати нақлиёти ҶТ дар якҷоягӣ бо коршиносони дигар давлатҳо давра ба давра курсҳои омӯзишӣ, тренингҳо ва семинарҳо доир менамояд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон якҷоя бо институтҳои байналмилалии молиявӣ, аз қабили Бонки Осиёии рушд (БОР), Бонки исломии рушд (БИР), Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва бевосита бо дастгирии ҳукуматҳои Ҷопон, ҶИЭ, ИМА, ҶМЧ аз ҳисоби грантҳо ва маблағҳои қарзӣ лоиҳаҳои сармоягузориро оид ба сохтмон ва таҷдиди шабакаҳои роҳҳои автомобилӣ, нақбҳо ва пулҳо татбиқ менамояд. Тайи солҳои охир тақрибан 40 адад чунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалӣ гардиданд, аз ҷумла 2000 километр роҳҳои автомобилгард, 240 пул, 31,5 км нақбҳо ва иншооти муҳофизатии зидди тарма ба истифода дода шуданд.
Солҳои охир бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, барои эҳёи роҳи Бузурги Абрешим ҳамчун шабакаи муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи дипломатия, фарҳанг, илм, савдо, сайёҳӣ тавассути рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ талош меварзанд. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати фаъолгардонии гузаргоҳи нақлиётию транзитии Узбекистон-Тоҷикистон – Чин чораҳои зарурӣ меандешанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи узвият дар СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай), шарикӣ дар СМҲИОМ (Созмони минтақавии ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ), ЭСКАТО (Комиссияи Иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором), СММ (Созмони Милали Муттаҳид), СҲИ (Созмони ҳамкории иқтисодӣ) ва дигар созмону ташкилотҳо шабакаи роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистонро бо шабакаҳои роҳҳои Аврупо ва Осиё пайванд месозад.
Дар конфронс инчунин маърӯзаҳои дигар низ ироа гардиданд. Аз ҷумла, сарвари бахши маърифати ШБР, сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии нақлиётии Беларус, доктори илмҳои техникӣ, профессор Алексей Бусел ва сардори шуъбаи роҳҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Лутфулло Исмоилзода роҷеъ ба баъзе технлогияҳои иноватсионӣ барои кишварҳои куҳсор ва иқлимашон гарм пешниҳодҳои ҷолиб ба миён гузоштанд. Директори иҷроияи Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ Игор Рунов (ИМА), директор оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷии ширкати холдингии “Точинвест” (Русия) Алесей Ананйев, раиси ТОО “ЮнидАС Групп”, узви Академияи байналмилалии нақлиёт Музаффар Холиқов (Қазоқистон), директори генералии Ширкати саҳҳомии “СНПЦ РДТ” Артур Багдасарян (Русия) ва дигарон вобаста ба мавзӯҳои муҳими роҳу нақлиёт суҳбат намуданд.
Дар доираи кори конфронс ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Қудрат Давлатзода ва директори иҷроияи Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ Игор Рунов (ИМА) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ҳамчунин як қатор устодону донишҷёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва кормандони фаъоли соҳаи нақлиёти кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳа бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Шурои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ ва Академияи байналмилалии нақлиёт сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир иштирокчиёни Конфронси байналмилалии илмию амалӣ бо чанде аз иншоот ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла Қалъаи Ҳисор аз наздик ошно гардиданд.