Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ҶАЛАСАИ XXXXVI ШӮРОИ БАЙНИҲУКУМАТИИ РОҲСОЗОНИ ИДМ. Ширкаткунандагон дар бораи таҷрибаи кории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот гирифтанд

Санаи нашр: 24-04-2023 Просмотрено: 2068

24 апрел дар Душанбе, дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҷаласаи 46-уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа  аъзо ва аъзои ассотсиатсияшудаи Шӯро аз кишварҳои ИДМ (Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон), роҳбарон ва намояндагони ваколатдори вазоратҳо, идораҳо, маъмурияти роҳҳо, кумитаи Иҷроияи ИДМ, Машварати ҳамоҳангсозии нақлиёт (МҲН ИДМ), Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи кормандони нақлиёт ва роҳҳо хоҷагиҳо (ИБИК), Ассотсиатсияи байналмилалии таълими автомобилӣ ва роҳҳо (АБТАР), Академияи байналмилалии нақлиёт (АБН), Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ (Мцтд), Шӯрои байнидавлатии стандартизатсия, метрология ва сертификатсия ва дигар ташкилотҳои байналмилалии кишварҳои узви  ИДМ иштирок карданд.

Ширкаткунандангонро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ   Бӯрӣ Каримов, Директори Департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ Михаил Мискин ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Машварати ҳамоҳангсози нақлиётии давлатҳои иштирокчии ИДМ (МҲН ИДМ) Наталья Шебаршина  бо сухани ифтитоҳӣ хайрамақдам гуфтанд.

Дар ҷаласа аъзо ва аъзоёни ассотсиатсияшудаи Шӯро ҳудуди 15 масъаларо баррасӣ ва муҳокима намуданд, аз ҷумла: "Дар бораи таҷрибаи кории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон"; "Ҳисоботи Котиботи  ШБР  оид ба корҳои анҷомдодашуда дар байни ҷаласаҳои Шӯро"; "Дар бораи рушди ҳамгироӣ дар соҳаи нақлиёти ИДМ дар  ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи якуми (2021-2025) Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030"; "Маълумот дар бораи натиҷаҳои татбиқи Протокол "Дар бораи роҳҳои байналмилалии автомобилгарди ИДМ ва рушди онҳо дар даромадгоҳҳои марзҳои давлатҳои ҳаммарз"; “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома аз 4 июни соли 1999 дар бораи вазн ва андозаи   воситаҳои нақлиёт, ки ҳамлу нақли байнидавлатиро тавассути роҳҳои автомобилгарди  давлатҳои иштирокчии  ИДМ амалӣ мекунанд”.

Инчунин дигар масъалаҳои муҳим  мавриди баррасӣӣ иштирокчиёни ҷаласа қарор гирифтанд, аз ҷумла: "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои оинномавии ШБР"; "Дар бораи Роҳпаймоии VI байналмилалӣ"; "Дар бораи татбиқи лоиҳаи интиқоли озмоишии борҳо бо истифода аз Ҳуҷҷати транзитии глобалӣ (GTrD)"; "Дар бораи маҷаллаи «Роҳҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»";  "Дар бораи озмуни «Роҳҳои автомобилии ИДМ – 2023»"; "Дар бораи Озмуни ҳарсолаи байналмилалии корҳои илмии донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои иштирокчии ИДМ, солҳои 2022-2023"; "Дар бораи чорабиниҳои навбатии ШБР.

 Роҷеъ ба ҳар як масъалаи рӯзномаи ҷаласа қарори дахлдор қабул карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, ки соли 1992 таъсис ёфтааст, маъмурияти роҳҳои 12 кишвари ИДМ-ро дарбар мегирад. Қарори таъсиси Шӯроро 31  муқаддам роҳбарони  мақомоти давлатии роҳҳои ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Федератсияи Русия имзо кардаанд. Баъдтар ба Шӯро Гурҷистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Узбекистон низ ҳамроҳ шуданд.

Мақсади асосии  ШБР мусоидат ба рушд ва такмили шабакаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва илмию техникии  маъмурияти роҳҳои ИДМ, баланд бардоштани сатҳи омодасозии кадрҳо ва ғайра мебошад.

Маъмулан,  ҷаласаҳои ШБР дар кишварҳои гуногуни ИДМ баргузор мешаванд, ки ин ба амиқтар шудани мавзӯъ, масоили ҳалталаб, шиносоии    мутахассисон дар маҳал бо объектҳо, технологияҳо, маводҳои гуногун  мусоидат мекунад.

Дар тӯли фаъолитяти худ Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон  тадобири зиёд, аз ҷумла 4 анҷумани роҳсозони ИДМ, 45 ҷаласаи Шӯро, даҳҳо конфронсҳо, машваратҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо, намоишгоҳҳо, якчанд  роҳпаймоиҳои байналмилалӣ доир намудааст.

 

                                     (Хабар такмил дода мешавад)

АКС: Маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ