Новости

slider_img

ВОКУНИШ. Ронандаи троллейбус ҷазо гирифт

Дата: 18-04-2023 Просмотрено: 826

Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Троллейбус” - и шаҳри Душанбе 3 апрели соли 2023 дар маҷлиси комиссияи интизомии корхона  муносибати дағалонаи Сафаров Умед Сайфуллоевич, ронандаи троллейбуси рақами инвентариаш 1027-ро, ки дар хатсайри №10 хизматрасонӣ менамояд, баррасӣ намуда, нисбати номбурда ҷазои интизомиро дар шакли танбеҳ татбиқ намуд.

 

 Рӯзи 22 феврали соли равон тролейбуси №1027, ки  дар хатсайри №10   хизматрасонӣ  мекард, дар рӯ ба рӯ ё наздикии чор истгоҳ дар мобайни роҳи сермошин таваққуф намуда,  дарҳояшро боз намуд. Ин дар ҳоле, ки аз ду тараф  мошинҳои зиёде ҳаракат мекарданд ва аз троллейбус фаромадану бо он   савор шудани мусофирон бе хатар набуд.

Вобаста ба ин ҳолат аз номи сокинони шаҳри Душанбе И. Сӯфизода, С. Сатторӣ ва Додхудои С. ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби шикоятӣ ворид гардид.  

Дар маҷлиси интизомӣ вақте аз худи ронанда Умед Сафаров сабаби дар байни роҳ нигоҳ доштани троллейбус ва хилофи талабот ба  он савор намудани мусофиронро пурсиданд, ӯ посух дод, ки дар  истгоҳҳои муқарраргардида ҷой барои нигоҳ доштани троллейбус вуҷуд надошт,  дар назди истгоҳҳо маршруткаҳо барои фаровардан ва савор намудани мусофирон истода буданд. Аз ин сабаб ӯ троллейбусро аз истгоҳ дуртар нигоҳ дошта, дарҳои онро барои фаромадану савор шудани мусофирон боз намудааст.

Дар ҷаласа  кормандон ва масъулони ККВД “Троллейбус” фаъолияти меҳнатии Умед Сафаровро аз вақти ба кор қабул шуданаш дар соли 2020 то имрӯз қаноатбахш баҳогузорӣ  карда, зикр намуданд, ки дар ин муддат қаблан аз ҷониби ӯ риоя накардани интизоми меҳнатӣ ва қоидаҳои ҳаракат ба қайд гирифта нашудааст ва бо ҳамкорону мусофирон низ муносибати хуб дорад. Бо назар доши ин, ба ронанда Умед Сафаров барои ба амал омадани  ҳолати дар мактуби шикоятии сокинони пойтахт зикршуда ҷазои интизомӣ дар намуди танбеҳ татбиқ карда шуд.

Ҳамзамон директори корхона С. Акрамов ба муовини директор оид ба истифодабарии  нақлиёт М. Ғуломов, директор Парки №1 Б. Ҳамидов ва сардори шуъбаи истифодабарии  нақлиёт Д. Қувватов супориши дод, ки риояи қоидаҳои ҳаракат, интизоми меҳнатӣ ва иҷроия аз ҷониби ронандагон ҳангоми хизматрасонӣ дар хатсайрҳо, талаботи муқарраршуда (пӯшидани сару либоси ягона/униформа, муносибати хуб ва ғайра) зери назорати қатъӣ гирифта шавад.

Маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон