Хабарҳо

slider_img
slider_img

Тоҷикистон ва Чин масъалаи анҷоми сохтмони қисмати боқимондаи роҳи “Душанбе - Қулма”-ро баррасӣ намуданд

Санаи нашр: 13-04-2023 Просмотрено: 1892

12 апрел дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир Азим Иброҳим бо ҳайати намояндагони шаҳри Қошғари ноҳияи мухтори Синҷон-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин (СУАР)  баргузор гардид. Ҳайати меҳмононро, ки ба он  шахсони расмӣ ва соҳибкорон шомиланд, шаҳрдори Қошғар Ясинҷон Яхеп роҳбарӣ менамояд.

      Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим меҳмононро самимона  хайра мақдам гуфта, зикр намуд, ки ба шарофати мулоқотҳои мунтазам, эътимоди тарафайн ва иродаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин муносибатҳои шарикии стратегии фарогир миёни ду кишвари дӯст ба марҳилаи сифатан нав расида, робитаҳо дар тамоми соҳаҳо пайваста рушд меёбанд.

     Дар мулоқот масоили густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи нақлиёт ва логистика, аз ҷумла сохтмони роҳи автомобилгарди "Душанбе – Қулма", ки аҳамияти байналмилалй дорад, баррасӣ гардид.

     Вазири нақлиёти Тоҷикистон тазаккур дод, ки бо кумаки Ҷумҳурии Мардумии Чин соли гузашта татбиқи лоиҳаи қисмҳои қитъаи калидии (Қалъаихумб-Ванҷ Рушон) навбати 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма  оғоз гардид. Ин лоиҳа 93 км роҳи автомобилӣ, 2 нақб бо дарозии 5,2 км, 5  долони нақлиётӣ ва дигар иншооти муҳандисиро дарбар мегирад.  

 Ҷонибҳо инчунин ба масъалаҳои марбут ба ҳаракати бемамониати борҳо тавассути нуқтаи гузаришу назоратии “Қулма-Қаросу”, инчунин ҷалби маблағгузории Чин барои сохтмон ва таҷдиди қисми боқимондаи (296 км  аз 1008 км) роҳи автомобилгарди “Душанбе-Қулма” бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалӣ дахл карданд ва дар бораи имзои санади расмӣ  роҷеъ ба ин масъала дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд.

       Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати  идома бахшидан ва густариш додани ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" ва муколамаи "Осиеи Марказӣ – Чин"изҳор доштанд.

       Ёдовар мешавем, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ миёни ҶТ ва ҶМЧ дар асоси Созишномае, ки 27 августи соли 2008 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расидааст, амалӣ карда мешавад.

 Айни замон  ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли бор бо Чин, алахусус тавассути нуқтаи гузаришу назоратии (НГН) “Қулма-Қаросу” дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, ҳаҷми интиқоли борҳо  тавассути  ин ННГ ду баробар афзудааст.

Дар фарҷоми мулоқот раиси ҳайати Чин, шаҳрдори Қошғар Ясинҷон Яхеп намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистонро ҷиҳати  иштирок дар ярмаркаи тиҷоратии Осиеи Марказӣ ва Ҷанубӣ,  ки 21-25 июни соли ҷорӣ бори 13-ум дар Қошғар баргузор мешавад, даъват кард,