Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Боздиди кормандони Вазорати нақлиёт аз Осорхонаи Пешвои миллат

Санаи нашр: 11-04-2023 Просмотрено: 2085

      Бузургдошти таъриху фарҳанг ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорат қарор дошта, ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ин хотир пайваста тамошои мавзеҳо ва иншооти таърихию фарҳангӣ бо иштироки кормандони соҳа ташкил карда мешаванд.

     Ҳафтаи гузашта бо супориши Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим кормандони вазорат аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойгиранд, боздид ба амал оварданд.  

     Ректори ДМТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода кормандони Вазорати нақлиётро хуш пазируфта,  онҳоро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт ва таъкид дошт, ки Осорхонаи Пешвои миллат бо ташаббуси ДМТ ва дастгирии Ҳукумати кишвар соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

       Бояд зикр намуд, ки дар осорхона нигораҳои вобаста ба давраи таҳсили Эмомали Раҳмон дар ин боргоҳи илму маърифат ва хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон гирд оварда шудаанд.

     Нахуст ҳайати кормандони Вазорати нақлиёт бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир шинос шуданд. Сипас аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат боздид намуданд. Дар марказ асарҳои Президенти кишвар ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос менамояд, ҷамъоварӣ шудаанд.

     Сардори Раёсати корҳои Вазорати нақлиёт Саидкабир Абдураҳмонзода аз номи роҳбарият ва кормандони вазорат барои ташкили  Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки аз маҳбубият ва арҷгузорӣ ба хизматҳои созандаи Сарвари давлат дарак медиҳад, ба Раёсати ДМТ изҳори сипос намуданд.