Хабарҳо

slider_img
slider_img

Ҳаракати нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Куҳистони Масчоҳ барқарор гардид

Санаи нашр: 25-03-2023 Просмотрено: 1509

Дар натиҷаи заминларзаи санаи 23.03.23 дар роҳи автомобилгарди Оббурдон-Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз км 7 то 13, км аз 19 то 23, км аз 35-43, км аз 45 то 51, км аз 56-64, км аз 70-80, км аз 83 то 89 дар 27 мавзеъ кӯҳпора фаромада, роҳи мошингард баста буд. Дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии роҳсозон бо истифода аз техника ва механизмҳои МДНРА-и Вазорати нақлиёт дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба пуррагӣ таъмин карда шуд.