Рӯзи 17 март бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз озмун таҳти унвони «Гулдухтарони Наврӯз» байни бонувони Вазорати нақлиёти ва корхонаву муассисаҳои тобеи он баргузор гардид.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани тарғибу ташвиқи суннатҳои ниёгон, арзишҳои миллию фарҳангӣ, маҳорат, истеъдод, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон доир гардида, 10 даста дар он иштирок доштанд.
Иштирокчиён аз рӯи шартҳои кокулбофӣ (ороиши миллӣ) бо ба бар кардани либоси миллӣ. пешниҳоди як таоми миллӣ (тарзи тайёр кардани онро ба ҳайати ҳакамон шарҳ медиҳанд) пешниҳоди як намуди маҳорат (рақс, суруд, навохтани асбоби мусиқӣ) саҳнача (бояд мавзӯъҳои тарбиявӣ, ахлоқӣ ва ватандӯстиро дар бар гиранд) ҳунарнамоӣ намуданд.
Аз рӯи баҳогузории ҳайати ҳакамон ба ҷои якум гуруҳи «Муждаи баҳор»-и Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт, ҷои дуюм гуруҳи «Мумтоз»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ба ҷои сеюм гуруҳи «Томириси»-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт сазовор гардиданд.
Ғолибон бо ифтихорномаи Вазорати нақлиёт ва туҳфаҳо дар чорабинии Наврӯзӣ қадр карда мешаванд.