News

slider_img

ТАМАННИЁТИ ВАЗИРИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗИМ ИБРОҲИМ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Date: 17-03-2023 Просмотрено: 215

Кормандони арҷманди соҳаи нақлиёту роҳ!

Фарорасии ҷашни пурфайзи бостонӣ, Наврӯзӣ оламафрӯзро ба ҳамаи Шумо ва дар симоятон ба аҳли хонадон ва тамоми мардуми шарафманди кишварамон шодбош мегӯям. Дар ин рӯзи сайид - оғози сарсабзиву хуррамӣ ва дамидани нафаси гарми баҳорӣ ба хонадони ҳар яки Шумо тинҷиву амонӣ, хушбахтиву комронӣ ва дастурхони пур аз файзу баракати наврӯзиро таманно мекунам.

Таърихи пайдоиши Нарвӯзро олимон ҳаргуна шарҳ медиҳанд, ки он ба ҳамагон маълум аст. Танҳо гуфтаниам, ки Наврӯз ном гузоштани ин иди фараҳбахш аз ҳама ҷиҳат хеле рамзист. Онро рӯзи наву баробаршавии шабу рӯз, зиндашавии табиат ва аруси сол гуфтан равост, зеро тамоми ин маъониро дар худ нуҳуфтааст Наврӯз, ки худ гувоҳе аз таърихи пайдоиши ин ҷашн аст.

Мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, маҳз бо пешниҳоди Сарвари хирадманди давлати мо, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи байналмилалӣ расида, ин ойини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат бо иштироки тамоми сокинони кишвар таҷлил менамоем.

Пешвои муаззами миллат худ дар ин бора қайд кардаанд, ки «Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем».

Ҳамасола вақте, ки ҷашни Наврӯзро таҷлил мекунем, баргузор намудани намоиши дастовардҳои муҳими илмиву фарҳангӣ, кишоварзӣ ва амсоли он айни муддао мебошад.

Ба ин восита аз ҳадафҳои наҷиби Наврӯз, ки дӯстиву ҳамгироӣ ва авф бахшидани гуноҳҳо аст огаҳӣ меёбем.

Пас Наврӯз барои кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтор ва кирдори нек, дӯстиву ҳамкории халқҳо хизмат намуда, ҳамзамон бо ин, ҳамаи моро сӯи рӯзгори орому бехушунат ва талош ба хотири зиндагии осуда роҳнамоӣ мекунад.

Омадани баҳору Наврӯзро ҳамагон бесаброна интизоранд вале роҳсозону роҳдорон ин ҷашни баҳориро аз ҳама зиёд интизоранд. Зеро бо дамидани нафаси гарми баҳорӣ ташвиши роҳдорон паси сар мегардаду аз пайи ободии вайронаҳои фасли сармо мегарданд.

Дар қатори дигарон кормандони шарафманди соҳаи нақлиёт низ ин ҷашни фархундаро бо як шаҳомату сарбаландӣ истиқбол мегиранд. Аз Наврӯз то ба Наврӯзи имсола роҳдорону роҳсозон, нақлиётчиён ва роҳиоҳанчиёни кишвар, ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд. Оғози кор­ҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Данғара – Бохтар ва қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ– сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон, корҳои лоиҳакашии таҷдиду бунёди роҳҳои Хуҷанд – Конибодом ва Рӯшон – Хоруғ – то деҳаи Варшез, бо иштироки Пешвои муаззами миллат ба истифода додани пул дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ва бо иштироки Сарвазири кишвар ба истифода додани нақби мошингузар дар мавзеи Ширговади ноҳияи Дарвоз аз зумраи ин дастовардҳоянд.

Ҳамчунин пас аз тавақ­қуфи тӯлонӣ хатсай­рҳои қатораи мусофирбарӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия кушода шуда, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба мусофирон дар қатораҳои мусофирбарӣ шароити хуб фароҳам оварда шуд.

 Бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва афзоиши боз ҳам беҳтари ҳамлу нақли бору мусофир бо ташаббуси Вазорати нақлиёт Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа” дар шаҳри Душанбе доир гардида, дар доираи он ташкили интиқоли мултимодалии борҳо тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ дар масирӣ «Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия» ба роҳ монда шуд. Илова бар ин созишномаҳои зиёди ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ баста, ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳо ва барномаҳои мақсадноки соҳа қарордодҳо ба имзо расонда шуданд.

Боварии комил дорам, ки Наврӯзи имсола низ барои мо пайки хурсандӣ меораду дар ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ тамоми вазифаҳои ба зимагузоштаамонро бо сари баланд иҷро менамоем.

Чун Наврӯз рӯзи наву рамзи тозагӣ аст, баробари фарорасии он гирду атроф, хонаву дар ва боғу киштзорҳоро тоза мекунанд. Пас дар баробари ин қалбҳои мо ҳам бояд аз тамоми кинаву адоват ва фикрҳои сиёҳ соф гашта, аз меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ лабрез шаванд.

Бо ҳамин таманниёти самимӣ бори дигар ҳамаи шумо - кормандони маҷмааи нақлиёту роҳ ва кулли ҳамватанонро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик мегӯям ва ба ҳамагон тансиҳативу рӯзгори обод ва муваффақияту  пирӯзиро  хоҳонам.

 

Ҳар рӯзатон наврӯз бод,

Нарӯзатон фирӯз бод!

//