Рӯзи 15-уми марти соли равон дар толори Вазорати нақлиёт таҳти раёсати Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ бо иштироки сардорону масъулини ширкатҳои мусофирбарии шаҳру навоҳии кишвар баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳамчунин кормадони масъули идораву зерсохторҳои марбута ҳузур доштанд.
Нахуст Вазир ширкатҳои нақлиётиро ба ҳамкорӣ бо Вазорату идораву корхонаҳои марбута даъват намуда, афзуд, ки танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ метавон фаъолияти густурда ва бенуқсонро роҳандозӣ намоем. Ҳадафи гузаронидани ҷаласа низ дар фазои озод як суҳбати ошкор ташкил кардан ва муайян намудани камбудиву нуқсонҳо дар фаъолияти ҳаррӯзаи мусофирбарӣ мебошад, ки садди роҳи фаъолияти пурсамар мегарданд ва роҳҳои бартараф намудани чунин мушкилотро муайян сохтан аст, на ба хотири омадану гӯш кардани маърузаву ҳисоботи оморист, - гуфт вазир. Вазир ҳамчунин аз одоби муоширати ронандагон ва мусофирон дар васоити нақлиёти мусофирбар изҳори нигаронӣ намуда дастур дод, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд пурзӯр гарданду дарсҳои 20 соата дар ҷамъиятҳо бо ронандагон беҳтару зиёдтар гузаронда шаванд.
Сипас, сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ Аскар Раҷабзода оид ба фаъолияти нақлиёти мусофирбарӣ сардори идораи тозатаъсиси КВД «Маркази рақамикунонии» соҳаи роҳу нақлиёт» Суҳроб Ёқубзода оид ба фаъолияти корхонаи мазкур ва бартарияти он ба аҳли толор маълумоти муфассал дода, ҳамагонро ба ҳамкории зич, даъват намуданд.
Баъдан бо таклифи Вазир суҳбати ошкоро оид ба мушкилоти ҷойдошта доир гардида, намояндагони ширкатҳои интиқолдиҳанда ва тамоми корхонаҳое, ки бо мусофирбарӣ сару кор доранд аз мушкилоте, ки садди роҳи фаъолияташон мегарданд, сухан карданд.
Гузориши муфассал оид ба ин масъала дар шумораи баъдӣ нашр мегардад.
О. Нисо