Нимаи дуюми рӯзи 10-уми март, баъди баргузории бахши 6-уми Форуми 10-уми байналмилалии Боку “Ҷаҳони муосир, чолишҳо ва умедҳо” таҳти унвони “Нақши долонҳои нави энергетикӣ ва нақлиётӣ дар минтақаи Авроосиё” бо ташаббуси Тоҷикистон вохӯрии дуҷонибаи вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва вазири рушди рақамикунонӣ ва нақлиёти Озарбойҷон Рашад Набиев баргузор гардид.
Вазири нақлиёти Тоҷикистонро дар ин вохурӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Соли, котиби якуми сафорати мазкур Ёқубзода Муҳиддин, директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Саломзода Раҳмиддин, сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокиров Парвиз ҳамроҳӣ намуданд.
Вазири рушди рақамикунонӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷонро мушовири вазир Рашад Байрамов, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати рушди рақамикунонӣ ва нақлиёт Шахин Исмоил ҳамроҳӣ намуданд.
Дар оғози мулоқот вазири нақлиёти Тоҷикистон ба ҳамтои озарбойҷонии худ, барои пазироӣ, меҳмоннавозӣ ва аз ҷониби Озарбойҷон ташкили сатҳи баланди Форум изҳори ташаккур ва қаноатмандӣ намуд.
Азим Иброҳим аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар бахши нақлиёту логистика ёдовар шуда, қайд намуд, ки барои тақвияти ҳамкориҳо фаъолияти комиссияи байниҳукуматии дар самти мазкур амалкунандаро дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондан зарур аст.
Дар идомаи суҳбат вазири нақлиёти Тоҷикистон аз болоравии омори ҳамлу нақли борҳо дар чанд соли охир маълумот дода, барои идомаи ҳамкориҳои судманд дар ин самт бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ибрози ақида намуд.
Вазир пеш аз ҳама қайд карданд, ки байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар бахши равобити соҳаи нақлиёт аслан мушкилот ба назар намерасад ва имконот барои рушди чунин ҳамкориҳо боз ҳам зиёданд. Аз ҷумла, бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки ояндаи наздик дар асоси мувофиқаи дуҷониба дар назар аст байни Тоҷикистону Озарбойҷон хати парвози ҳавоӣ низ ба роҳ монда шавад, ки боиси дастгирӣ мебошад.
Азим Иброҳим барои мубодилаи таҷриба дар самти рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт, инчунин ташкили фонди роҳ аз вазири рушди рақамикунонӣ ва нақлиёти Озарбойҷон даъват ба амал оварда, шиносоӣ ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Озарбойҷонро дар самти мазкур дархост намуд.
Зимни мулоқот сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон низ аз рушди ҳамкориҳои байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки барои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиёв ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ дар назар аст омодагӣ мебинанд.
Сипас, вазири рушди рақамикунонӣ ва нақлиёти Озарбойҷон Рашад Набиев ҳайти Тоҷикистонро ба Озарбойҷон хайрамақдам гуфта, барои қабули даъват ва иштирокашон дар форум изҳори сипос намуданд. Мавсуф бо қаноатмандӣ қайд кард, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла, дар соҳаи нақлиёт дар доираи созишномаҳои дуҷониба ва фазои якдигарфаҳмӣ сурат мегирад. Мо дар ҳама самтҳо ва дар ҳама сатҳ ҳамеша якдигарро дастгирӣ менамоем, гуфт вазир.
Пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро қабул намуда. барои идомаи ҳамкориҳо ва мубодилаи таҷриба дар самтҳои нақлиёту логистика ва рақамикунонӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
Рашад Набиев дар идомаи суҳбат гуфтанд, умед мекунем, ки равобити нақлиётии мо беҳтар ба роҳ монда шуда, имконоти мавҷуда пурра истифода гардида ҳаҷми интиқоли борҳо зиёд хоҳад гардид.
Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаи Ёддошти тафоҳумро барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши нақлиёту логистика ва рақамикунонӣ омода намуда, барои имзо пешниҳод менамоянд.
Вохӯрӣ дар фазои дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.