Хабарҳо

slider_img

Иштироки ҳайати кории Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири нақлиёт дар Форуми байналмилалӣ дар Боку

Санаи нашр: 09-03-2023 Просмотрено: 282

Дар Форуми 10-уми байналмилалии “Ҷаҳони муосир, чолишҳо ва умедҳо”, ки рӯзи 9 марти соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шаҳри Боку ба кор оғоз намуд, аз Тоҷикистон ҳайати корӣ бо роҳбарии Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим иштирок мекунанд. Форумро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев оғоз намуда, дар кори он меҳмонону иштирокчиён дар сатҳи президентони ҳозира  ва собиқи давлатҳо, вазирон, инчунин роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳузур доранд. 

Дар доираи баргузории Форум баромад ва вохӯрию мулоқотҳои дуҷонибаи Вазири нақлиёти Тоҷикистон, аз ҷумла бо вазири рушди рақамикунонӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон доир хоҳад шуд.

//