Новости

slider_img
slider_img

Куҳпора роҳи Душанбе - Кӯлоб – Қалъаихум - Хоруғро бастааст

Дата: 09-03-2023 Просмотрено: 274

Бар асари ғалтидани куҳпора дар километри 472 –и  роҳи автомбилгарди Душанбе - Кӯлоб – Қалъаихум - Хоруғ дар деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшон аз соати 5: 00 рузи 9 март роҳ маҳкам гардида, ҳаракати нақлиёт манъ карда шудааст. Роҳдорони МД Идораи хоҷагии роҳҳои автмобилгарди минтақаи ВМКБ бо истифода аз тамоми имконот ба тоза кардани сангпора машғул ҳастанд.

Тавре ки сардори МД “ИХРА” – и  ВМКБ Далер Мукаррамшоев иттилоъ дод, айни ҳол ду техникаи роҳнигоҳдории муассисаҳои роҳдории вилоят ба тозакунии роҳ машғул буда, барои кумак аз ҷониби сохтмончиёни Лоиҳаи сохтмони роҳи автмобилгарди Қалъаихум - Ванҷ низ як булдозер расидааст.

Ба гуфти Далер Мукаррамшоев куҳпораи фуромада ба дарозии 100 метр роҳро баста, қариб ду метр баландӣ дорад ва бо сабаби ҳаҷми калон доштанаш тозкунии роҳ каме вақтро мегирад. Аммо роҳдорон бо истифода аз тамоми имконот кӯшиш мекунанд сангҳоро дар муддати кутоҳ тоз карда, барои ҳаракати нақлиёт роҳ кушоянд. Зеро аз ҳарду тарафи ҷои сангфуромада мошинҳои зиёд бо мусофирон ҷамъ шудааст. Айни ҳол яъне соати 17: 30 роҳ барои мошинҳои сабукрав кушода гардида, дар муддати кутоҳтарин барои ҳаракати нақлиёти боркаш ҳам роҳ кушода  хоҳад шуд.

Ҳоло дар дигар минтақаҳои ВМКБ роҳҳо кушода ҳастанд, вале роҳдорон шабу рӯз дар ҳолати омодабош қарор доранд, зеро ҳанӯз фуромадани сангу сел ва тарма дар роҳҳои куҳистон аз эҳтимол дур нест.

//