News

slider_img

ТАМАННИЁТИ Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба ифтихори Рӯзи Модарон

Date: 07-03-2023 Просмотрено: 1301

Хоҳарону модарони азиз, бонувони заҳматқарини соҳаи нақлиёту роҳ!

Бо камоли мамнуният ва хушҳолӣ Рӯзи Модаронро ба ҳар яки шумо ва дар симоятон ба аҳли хонаводаҳоятон табрик мегуям. Якчанд сол боз ба ибтикори Сарвари давлатамон, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ин рӯзро махсус ба бузургдошту арҷгузории чашмаи музаффари ҳаёти насли башар ба Рӯзи Модар ихтисос медиҳем. Тамоми инсоният – зану мард, хурду калон, одию бузург – ҳамагӣ зодаву парвардаи домони муқаддаси модар мебошанд.

Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон дар ҳузури бонувон гуфта буданд: «Агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, Модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт аст. Аз ин рӯ, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем».

Модар барои фарзанд на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Ба ин далел, дар замони муосир миллату давлатҳои мутамаддину пешрафта ба ҷомеае арҷ мегузоранд, ки занро гиромӣ ва пос дошта, мақому манзалати онро дар сатҳи баланд нигоҳ медоранд. Мо ифтихор дорем, ки дар кишварамон  зан – модар мартабаи хосса дорад. Агар ба таърихи пайдоиши ин ҷашн назар кунем, он қаблан иди Бонувон набуда, балки ҷашни занони инқилобгар будааст. 8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карда, даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он вақтҳо занон то 16 соат дар як шабонарӯз меҳнат мекарданд, вале барои корҳояшон музди ночизе мегирифтанд ва ҳамин тавр таҷлили он ба ҳукми анъана даромада то замони мо омада расид.

Пас аз соҳибистиқдол гардидани Тоҷикистон, дар қатори дигар тадбирҳо Сарвари хирадманди кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар ҷомеа баланд бардошта, ба онҳо имкон фароҳам оварданд, то дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт дар қатори мардон кору фаъолият намоянд. Чунонки Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид кардаанд «Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад…» 

Боиси ифтихор аст, ки дар маҷмааи нақлиёту роҳ, як соҳаи барои ҷинси латиф гарон низ дар қатори мардон бонувони зиёд кору фаъолият доранд, аз шумораи умумии кормандони дар кулли соҳаи нақлиёт фаъолияткунанда 37 фоизи онҳо занҳо мебошанд ва дар вазифаҳои роҳбарикунанда ҳам фаъолият дошта заҳматашон  аз мардҳо кам нест.

Дар ин рӯзи фархунда бо як ҳисси ифтихор метавон номи ҳар яки Шуморо ба забон оварда, ба шумо арзи сипос намуд. Шумо ҳама арзанда ба таҳсину офарин ҳастед.Зеро дар баробари заҳмати хонадон ва тарбияи фарзанд дар коргоҳ ҳам шумо фаъолед.

Вазорати нақлиёт ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҳама тарафа ҷонибдорӣ намуда, баҳри дар амал тадбиқ намудани он, яъне ҳарчи бештар  ҷалб кардани занону духтарон ба кор ва фароҳам овардани шароит барои онҳо тадбирҳои муассир меандешад.

Дар охир бонувони азизу гиромиқадр, ҷашни фархундаатонро барои шумо самимона табрик гуфта, бароятон саодати зиндагӣ, бахти сафеду комгориҳои тоза ба тоза, осудагии хонадон ва сиҳатии фарзандонро таманно мекунам ва аз забони шоир мегӯям:

 

Як нигоҳи шулавари модарон

Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон.

Пас, ба қадамҳои шумо, модарон,

Кавну макон бод фидо, модарон!

 

Бори дигар Рӯзи Модарон ба Шумо муборак, бонувони арҷманди соҳа!