Новости

slider_img

Мулоқот бо вазири нақлиёти Тотористон

Дата: 07-03-2023 Просмотрено: 896

Дар доираи баргузории Конфронси нуҳуми ҳамкории байниминтақавӣ «Шарикии тиҷоратӣ ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон», ки рузҳои 2 - 4 март дар шаҳри Душанбе дори гардид Вазири нақлиёти кишвар  Азим Иброҳим бо вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тотористон Фарит Ҳанифов мулоқот намуда оид ба масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан мубодилаи афкорнамуданд.

Қайд гардид, ки дар самти ташкили ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон байни шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористон, инчунин ташкили корхонаҳои мусофирбарии ҷамъиятӣ бо нақлиёти автомобилӣ тариқи автобусҳо ва автобусҳои хурд (микроавтобусҳо) дар қаламрави Тотористон ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. Аз ҷониби Вазири нақлиёти кишвар оид ба масъалаҳои ташкилӣ- ҳуқуқии корхонаи нақлиётӣ дар Тотористон, зиндагӣ, музди меҳнати ронандагон, танзимгарон ва дигар кормандони муҳандисию техникии ҷониби тоҷикистонӣ, ки дар Тотористон нияти кору фаъолият доранд, масъалагузорӣ карда шуд. 

Ҷонибҳо ба мувофиқа раси­данд, ки Созишномаи дуҷониба байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷик­истон ва Ҷумҳурии Тотористон дар бораи ҳамкориҳо дар самти рушди нақлиёти рўизаминӣ (автомобилӣ, роҳи оҳан) ба тасвиб расонида, ҳамкориҳои муфидро дар соҳаи нақлиёти рўизаминӣ, аз ҷумла, мусофирбарӣ бо автобусҳо ва микроавтобусҳо роҳандозӣ мекунанд.