Дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6- уми марти соли равон таҳти раёсати вазири нақлиёт Азим Иброҳим бахшида ба рӯзи Модар ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони маҷмааи нақлиёт ҳузур доштанд.
Нахуст, вазир аҳли толорро ба муносибати Рӯзи модар таҳният гуфта, иброз дошт, ки таҷлили ин рӯз ифодаи таваҷҷуҳ ва эҳтироми роҳбарияти давлати мо ба шахсияти Зан-Модар ҳамчун офаридгори насли инсонӣ, тарбиятгари миллат, роҳнамои ҷомеа, нигоҳдорандаи фарҳангу арзишҳои миллӣ ва ҷунбонандаи гаҳвораи тамаддуни инсонист. Шинохти мақому манзалати Зан-Модари тоҷик - ин шинохти миллат аст. Ва беҳтарин таманниёти худро барои бонувони соҳа арза дошт.
Сипас, собиқадори соҳа, муҳандис - роҳсоз Робия Завқиева низ сухан карда гуфт, ки шод намудани дили модар, нишон додани муҳаббати фарзандӣ, ва садоқату вафодорӣ аз ҷумлаи беҳтарин хислатҳои инсонист, ки онҳоро фалсафаи одамият тарғибу қадр мекунад. Вақте ки сухан дар бораи эҳтироми Модар, шинохти ҷойгоҳи ин олиҳаи зиндагӣ ва бахшидани рӯзи махсусе барои изҳори муҳаббати хосса ба ӯ меравад, бояд забони таассубу ҷаҳолат хомӯш бошад. Набояд фаромӯш кард, ки носипосӣ ба мақом, шахсият ва мавқеи Зан-Модар ин нишонаи костагии арзишҳои инсонӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар шинохти фалсафа ва мантиқи таҷлили ин ҷашн бояд ба ақл такя намуд. Вобаста ба ин бояд иброз намоям, ки Рӯзи Модар-ин рӯзест, ки фазои иҷтимоии ҷомеаро талошҳои ҳамгироӣ, дӯстӣ, муҳаббат ва эҳтирому самимият саросар фаро мегиранд. Тавассути таҷлили ин ид амали густурдаи тарбиявие рӯйи кор гирифта мешавад, ки он барои ташаккули муносибатҳои созанда дар ҷомеа аҳамияти хос дорад. Беҳуда нест, ки таҷлили ин санаи муқаддас чун анъанаи неки дар ҷомеа пазируфташуда бо табрикоти самимонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Амали мазкур дар фарҳанги давлатдории мо ҳамчун ифодаи иродаи сиёсии Сарвари давлат баромад мекунад, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои ташаккули мавқеи арзандаи занони тоҷик дар ҷомеа тадбирҳои муҳим анҷом дода истодаанд.
Норинисо Бобоева - Раиси итифоқи касабаи кормандони соҳаи нақлиёту роҳ низ аҳли толорро шодбош намуда, ҳамчунин иброз дошт, ки мо, занону модарон, имкони бештари саҳмгузорӣ дар раванди пурифтихору пурмасъулияти ватансозиро соҳиб гаштаем ва рисолати худро дар Ватан-Модар иҷро намуда истодаем. Ҳамчун ойинаи чеҳранамои миллат занону бонувони тоҷик бо симои зебою латофати занона, иродаи устувори ватанхоҳона ва шуҷоату ҷасорати фақат ба онҳо хос дар масири таҳкими давлатдории миллӣ гомҳои боварибахш бардошта, муваффақияту дастовардҳои ҷомеаро дар ҳама самтҳои ҳаёти мамлакат нишон дода истодаанд. Аз ин рӯ ҳамаи шуморо бо ин рӯзи саид таҳният гуфта, барояшон тасиҳативу хонаободӣ дар фазои осоиштагии кишвар таманно дорам.
Ҳамчунин корманди ИХРА- и минтақаи Рашт Нигора Соибова сухан карда, аз эъҷодиёти хеш шеър қироат намуд.
Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба фаъолон ва бонувоне, ки дар соҳа софдилона фаъолият карданд, ифтихорнома ва мукофотҳо тақдим намуд.