Новости

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Бахши нақлиёти Конфронси Тоҷикистону Россия чиро муҳокима кард

Дата: 06-03-2023 Просмотрено: 1866

Дар Конфронси нуҳуми ҳамкории байниминтақавӣ «Шарикии тиҷоратӣ ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон», ки бо иштироки раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, рузoҳои 2 ва 3  феврали соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид, 7 бахш  оид ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ва доираи васеи масъалаҳои ҳамгироии дуҷониба, муҳокима гардиданд.

 Дар кори Конфронс ҳазор нафар, иштирок дошта, намояндагони 16 вилояти Русия, беш аз 200 ширкат ба Душанбе омаданд.

 

Дар Конфронс дар бахшҳои гунонгун мутахассисон масоли ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт, саноат, иқтисод, маориф, тандурустиро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар бахши сеюм, яъне доир ба “Тамоюл ва роҳҳои ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт ва логистика” мутахассисони ҳар ду кивар бо марузаҳои пурмуҳтаво суханронӣ карданд. Аз ҷониби Тоҷикистон 7 нафар ва аз ҷониби Россия 15 нафар оид ба масоили гуногуни соҳаи нақлиёту логистика  марузаҳо пешкаш намуданд.

Дар ин бахш масоили инкишоф рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ, иштироки ҷониби Русия дар лоиҳаҳои модернизатсия, барқсозӣ ва бунёди инфрасохтори нави роҳи оҳани Тоҷикистон, ҷанбаҳои нақлиётӣ ва логистикии пайвастани Тоҷикистон ба лоиҳаи Агроэкспресс, татбиқи қарорҳои муосири рақамӣ дар соҳаи нақлиёт мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар доираи панели нақлиёт ва логистика вохӯрии дуҷонибаи ширкатҳои нақлиётӣ ва логистикӣ ва агрологистикии Тоҷикистону Россия, “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) ва “Соҳибкор бо намояндаи давлат” (В2G) баргузор гардида, масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва логистика мавриди таваҷҷӯҳи байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо баррасӣ шуданд.