Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Ҷавоб ба навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида оид ба ҳолати мусофирони Тоҷикистон, ки дар вилояти Самара ба мушкилот дучор омадаанд.

Санаи нашр: 04-03-2023 Просмотрено: 1901

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, оид ба мушкилоти мусофирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути воситаи нақлиёти мусофирбари хориҷӣ сафар карда, дар наздикии вилояти Самара бо сабаби нуқсони техникии воситаи нақлиёт дармондаанд, чунин иттилоъ медињад:

      Тибқи маълумоти дастрасгардидаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт автобусе, ки бо мусофирони тоҷик бинобар вайрон шудан дар наздикии вилояти Самараи ФР дармондааст, воситаи нақлиёти хориҷӣ буда, бо рақамҳои давлатии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудааст ва аз ҳудуди Тоҷикистон сафар накардааст. Шаҳрвандони кишвари мо тавассути нақлиёти сабукрав ва ҳам бо роҳи пиёдагард ба гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳобод рафта, сарҳадро убур намуда ба Ҷумҳурии Ўзбекистон ворид шудаанд ва аз он ҷо 23 феврали соли 2023 ба автобуси мазкур савор шуда ба Федератсияи Руссия сафар намудаанд. Бинобар вайрон шуданаш яъне нуқсони техникӣ пайдо кардан, воситаи наклиёти мазкур дар наздикии вилояти Самара аз ҳаракат бозмонд, ки ин боиси норозигии мусофирон гардидааст.

        ”Оид ба фаъолияти ҶДММ “Сайри Лаззати Дунё” бошад ёдрас мекунем, амали иҷозатномаи №0030941, ки бо фармоиши Хадамот №68 аз 11.07 соли 2022 барои мусофирбарии байналмилалии автомобилӣ ба ҶДММ “Сайри Лаззати Дунё” додашуда буд, тибқи банди 4-и Протоколи ҷаласаи комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамот, таҳти №11 аз 22 декабри соли 2022 бекор карда шудааст.

Ба диққати мусофирони аз Тоҷикистон ба Россия сафаркунанда мерасонем, ки ҳангоми сафар танҳо аз воистаи нақлиёти иҷозатномаи ҳамлу нақли байналмилалидошта, ки мувофиқи санадҳои меъёрӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дода мешавад, истифода кунанд, то ба доми чунин қоидавайронкунандаҳо наафтида ба мушкил дучор нагарданд.