Вазири нақлиёт ҳангоми сафари се рузааш ба Бадахшон бо ҳайати мутасаддиёни соҳа кори роҳдоронро мавриди санҷиш қарор дода, ҷиҳати ҳарчӣ тезтар тоза кардани роҳҳо аз барфу тарма ба мутасаддиён дастурҳо дод. Аз масъулини муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо даъват кард, ки барои фароҳам овардани шароит барои коргарон чораҷӯӣ карда, онҳоро бо хӯроку либоси гарм пурра таъмин намоянд. Ҳангоми боришоти сахт ё фуромадани туман эҳтиёткор бошанд. Техникаву таҷиҳизоти роҳдорӣ бояд дар ҳолати омодабош қарор дошта, навбатдории шабонарӯзӣ идома дода шавад.
Дар доираи ин сафари корӣ Вазир бо кормандони МДНРА - ҳои ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Рӯшон ва Дарвоз суҳбатҳои сарироҳӣ анҷом дод.
Вазир ҳамчунин дар ҷаласаи ситоди гуруҳи кории Ҳукумат, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат муҳтарм Қоҳир Расулзода дар шаҳри Хоруғ баргузор гардида буд, иштирок ва суханронӣ намуд.