Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба ободониву сабзу хуррамгардонии майдону хиёбонҳо, боғоту шафати роҳҳо, бахусус дар шҳри Душанбе диққати ҷиддӣ равона мегардад. Ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдомти наҷиби Сарвари давлат бо ибтикори Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвари азизамаон руз аз руз ободу зебо ва сарсабзу хуррам гаштааст.
Барои дастгирии ин иқдоми неки Сарвари давлат Вазорати нақлиёти кишвар низ дар канор наистода, ҳамасола дар ободониву сабзу хуррам гардонии шаҳр фаъолона иштирок мекунад.
Бо супориши вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим имсол низ ҳазор (1000) бех ниҳоли арча ба ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳвил гардид, ки ин ниҳолҳо дар шафати роҳҳои мошингарду пиёдагард шинонида мешаванд.
Вазири нақлиёт масъулини соҳаро вазифадор кард, ки пайваста дар корҳои ободониву созандагӣ иштироки фаъолона дошта бошанд, зеро пойтахти кишвар оинаи давлату миллат аст ва саҳм гузоштан дар ободнии шаҳр вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аст.
Соли гузашта низ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорати нақлиёт дар шафати роҳи автомобилгарди Душанбе - Ваҳдат зиёда аз 800 бех ниҳоли арча шинонда шуд. Тасмим гирифта шудааст, ки ин амал минбаъд ҳам идома хоҳад ёфт.