Тибқи иттилои масъулини Вазорати нақлиёт дар километри 423,5 роҳи автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб – Калъаихум, ки қисми осебпазири роҳ ба шумор меравад, бо сабаби фуромадани санг вайрон гардида, роҳдорон дар он ҷо (плита) пойдевори оҳану бетонӣ монда буданд. Айни ҳол боз дар натиҷаи фуромадани санг пойдевор вайрон гардида, тагаш ковок шудааст. Ин минтақаи роҳ ба лоиҳаи таҷдиди роҳи Қалъаихум – Ванҷ шомил аст. Вале айни ҳол, азбас ки нақлиёт тавассути роҳи мазкур ҳаракат мекунад, аз ронандаҳо хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми гузаштан аз ин минтақаи роҳ боэҳтиёт бошанд, бахусус ронандаҳои нақлиёти боркаш, бояд бори аз меъёри муқарраргардида зиёдро нагиранд. Ин боиси якбора фуру рафтани роҳ хоҳад гашт.