Новости

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Таҷлили 30 –солагии Артиши миллӣ дар Вазорат

Дата: 24-02-2023 Просмотрено: 2034

Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30 - солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки он бо гузашти паради ҳарбӣ аз назди роҳбарияти вазорат ва меҳмони даъват шуд аз сохторҳои қудратии кишвар ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Сипас, дар толори Вазорат ҷаласаи тантанавӣ таҳти раёсати Вазири нақлиёти ҷуҳмҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оғоз гардид, ки дар он Директори  муассисаи давлатии “маркази милии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-мойор Иброҳимзода Муҳаббат Мирзовалӣ, Сардори Раёсати  Қӯшунҳои муҳандисии Генералии Қувваҳои мусаллаҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерал- майор Бачабекзода Сайёрбек Ҷиёнӣ,  сардори раёсати муҳандисии Қушунҳои сарҳадӣ Наимов Юсуф, сардори Раёсати корҳои сиёсӣ- тарбиявии Қӯшунҳои сарҳадии КАДАМ  Маликов Одина ва масулину кормандони Вазорати нақлиёт иштирок доштанд.

Нахуст, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагонро хайра мақдам гуфта,  кулли нишастагонро бо Рӯзи Артиши миллӣ таҳният гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки имрӯз Артиши миллӣ таъминкунандаи амнияти ҳар сокини ҷумҳурӣ буда, фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин зимни ҷаласа меҳмонон суханронӣ намуда, ҳамагонро ба ин ҷашни бошукӯҳ табрик  гуфта, ҳамагонро ба хизмати софдилона даъват намуданд.

Дар фуроварди ҷаласа даъватшудагон барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи роҳсозӣ бо нишони сарисинагии “Роҳсози фахрӣ” ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.