Рӯзи 24- феврали соли равон дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи Модар» озмун таҳти унвони «Зан- модар, мураббӣ, маҳзани меҳр» баргузор гардид.
Озмуни мазкур байни кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаву муассисоти тобеи он баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ мебошад.
Озмун аз 3 шарт иборат буд. Дар шарти аввал иштирокдорон дилхоҳ таронаро ( назмӣ ё насрӣ) аз эҷодиёти худ дар мавзӯи модар қироат намудан. Дар шарти дуввум бошад барои ширкаткунандагон порчаи шеърӣ аз ҷониби ҳакамон пешниҳод гардида, онро бо оҳанги дилхоҳ ба аъзои ҳакамон пешниҳод карданд. Ҳамчунин дар шарти севвум ба ҳар як иштирокчии озмун саволҳо дар мавзӯи таърихи кишвар ва ҳамчунин дигар масоил пешниҳод карда шуд.
Ғолибони озмун бо ифтихорномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи модар» сарфароз хоҳанд гашт.