Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи "Хизматрасонии моро нодуруст ба ҳайси интиқолдиҳанда қабул мекунанд, мо як платформаи иттилоотӣ ҳастем. Мо ронандаву мошини шахсии худро надорем”, ки дар сомонаи Азия Плюс чоп шудааст, чунин иттилоъ медиҳад:
Дар Кодекси нақлиёти автомобилӣ, боби 8 (Ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ), моддаи 70 пешбинӣ шудаст, ки Хадамоти диспетчерии таксӣ фаъолиятро оид ба қабули фармоиш аз ҷониби шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ амалӣ менамояд. Фаъолияти Хадамоти диспетчерии таксӣ яке аз намудҳои хизматрасоние, мебошад, ки қисми технологии мусофирбарӣ бо таксиро ташкил мекунад. Раванди мусофирбарӣ бо таксӣ на танҳо аз интиқоли мусофир иборат аст, балки қабули фармоишро низ дар бар мегирад.
Ҳамчунин дар “Қоидаҳои нақлиёти автомбилӣ вобаста ба тартиби ташкил, амалисозӣ ва пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ”, ки бо фармоиши Вазири нақлиёт аз 14. 12. 2021, № 214 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03. 2022, № 1149 ба қайд гирифта шудааст, чунин омадааст:
“Хизматрасонӣ тибқи банақшагирии ҳамлу нақли дар реҷаи таксӣ аз ҷониби интиқолдиҳандагон дар асоси Барномаи иттилоотӣ, тамға ва рақами кутоҳи оператори интиқолдиҳанда амалӣ карда мешавад. Ҷалби таксӣ барои хизматрасонӣ ба мусофирон аз ҷониби интиқолдиҳандаи як оператори Хадамоти таксӣ бо оператори дигари Хадамоти таксӣ, инчунин бо рақамҳои бақайдгирии давлатии дигар минтақаҳо дар ҳудуи шаҳрҳое, ки дар онҳо фаъолияти таксӣ бо намуди берунаи якхела қабул гардидааст, иҷозат дода намешавад.”
Аз ин рӯ хизматрасонии ширкати “Яндекс Go" платформаи иттилоотӣ набуда, балки як қисмати раванди мусофирбарӣ бо таксиро иҷро кардааст.
Дар ҳақиқат ронандаи автомашинаи такси П.Б.А, ки тибқи шартнома бо ширкати таксии дахлдор фаъолият мекунад, рузи 16.02.2023с. бо истифода аз барномаи ширкати “Яндекс Go” аз мусофир фармоишро қабул кардааст, ки хилофи санадҳои меъёрии амалкунанда дар соҳа мебошад.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст.
Ба Ширкати “Яндекс Go” аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иҷозатнома барои фаъолият дода нашудааст. Аз ин рӯ фаъолияти ин ширкат дар Ҷумҳурии Тоқикистон ғайриқонунӣ мебошад.
Маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ