News

slider_img
slider_img

Санҷиши гуруҳи корӣ дар роҳи Душанбе - Бохтар

Date: 19-02-2023 Просмотрено: 1771

Гурӯҳи кории Вазорати нақлиёт бо роҳбарии вазир Азим Иброҳим аз километрҳои 12- 13 – и роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар, ки дар баъзе ҷойҳо нуқсонҳо ба амал омадааст,  дидан намуданд. Ба гурӯҳи корӣ роҳбарият ва ҳайати муҳандисони КВД “Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, ҶДММ “Роҳи Абрешим” ва дигар мутасаддиён шомил буданд.

         Вазири нақлиёт ба  роҳбарият ва муҳандисони КВД “ПЛИН” ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо супориш дод, ки ҳар чи зуддтар сабабҳои пайдоиши нуқсонҳо, яъне  кафидагиҳои рупӯши роҳоро  муайян  намуда, ҷиҳати бартараф  кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

         Ҳангоми санҷиш ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки қад - қади роҳи мазкур ҷойи шустушуи мошинҳо ташкил шудааст, ҳамчунин каналҳо то ҷои обпартои роҳ омада, онро пур мекунанд, ки ин боиси нам гирифтан вайрон гардидани роҳҳо мегардад.

         Вазири нақлиёт масъулини соҳаро вазифадор кард, ки дар якҷоягӣ бо паймонкорон ва мақомоти маҳалӣ дар тамоми масири роҳи навсохташуда бори дигар санҷиш гузаронда, сабаби пайдоиши нуқсонҳоро аниқ  муайян ва ба таври хаттӣ пешниҳод намуда, камбудиҳоро то камиссия давлатии қабул пурра бартараф созанд.