Боришоти пай дар пай дар қаламрави Тоҷикистон тибқи пешгӯии мутахассисон то 19 феврал идома дорад. Дар пайи боришот дар минтақаҳои мухталифи кишвар селу тарма фаромада ҳаракати нақлиёт банд гардидааст.
Тибқи маълумоти дастрасгардида аз МД идораҳои хоҷагии роҳҳои минтақаҳо то ба имрӯз, 17 феврал дар роҳи Душанбе – Вахдат -Ҷиргатол – сарҳади Қирғизистон дар ноҳияи Нуробод дар километрҳои 92 – 94 сел, дар километрҳои 303 - 304 тарма ва дар километри 81 роҳи ҷумҳуриявӣ ярч фуромада роҳ маҳкам аст.
Дар роҳи автомбилгарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ дар ноҳияи Дарвоз , дар километрҳои 352 сел, дар ноҳияи Ванҷ дар километрҳои 425 тарма, дар ноҳияи Рӯшон дар километрҳои 466, 477, 488, 495, 541 - 549 дар ҳар ҷо тарма фуромада роҳ банд аст.
Ҳамчунин дар роҳи автомбилгарди Рӯшон – Бартанг дар километрҳои 11 то 35 дар ҳар ҷо тарма роҳро маҳкам кардааст.
Дар роҳи Хоруғ – Ишкошим аз километри 6 то километри 30 низ тарма ҳаракати нақлиётро банд кардааст.
Дар роҳи автомбилгарди Хоруғ – Мурғоб – Қулма дар километрҳои 618, 619, 622, 623, аз 713 то 770 дар ҳар ҷо роҳ бо сабаби фуромадани тарма маҳкам гардидааст. Роҳдорони кишвар бо истифода аз тамоми имконот шабу руз ба тоза кардани роҳҳо аз барфу тарма машғуланд.
Дар роҳи Душанбе – Чанок дар километрҳои 52 то 73 дар ҳар ҷо ва аз тарафи Айнӣ дар километри 81 тарма роҳро бастааст. Кормандони Ширкати Иновейтив Роуд Солюшенз дар Тоқикистон низ пайваста ба тозакунии роҳҳо машғуланд.
Вазъи роҳҳо таҳти назорати вазири нақлиёти кишвар қарор дошта, аз ҳисоби муовиниони вазир ва роҳбарони аввали раёсату муассисаҳо дар Вазорат навбатдории шабонарӯзӣ амал мекунад.
Вазорати нацлиёт бори дигар аз ронандагону мусофирон даъват ба амал меорад, ки дар давраи боришот безарурият аз сафар ба дигар минтақаҳо худдорӣ кунанд.