Новости

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Долони байналмилалии нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё (ТРАСЕКА)

Дата: 14-02-2023 Просмотрено: 992

  Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии- муовини вазири нақлиёт Саидмуродзода Шоиста дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА дар шаҳри Тифлисии Гурҷистон иштирок намуд.

Дар кори ҷаласаи мазкур намояндагони соҳаи нақлиёти 13 кишвари аъзои Барномаи ТРАСЕКА аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Булғория, Гурҷистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Руминия, Туркия, Украина, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистонва инчунин ташкилоти байналмилалӣ аз ҷумла; Ташкилоти ҳамкорӣ дар роҳи оҳан (ОСЖД) Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (МСАТ)ва Масири байналмилалии нақлиётии Транс-Каспий (ТМТМ) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Саидмуродзода Шоиста - муовини вазири нақлиёти кишвар доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт аз ҷумла, самти хизматрасонии нақлиёти рӯизаминӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, суханронӣ намуда, оид ба маблағгузории лоиҳаҳо дар доираи барномаи ТРАСЕКА, электрификатсиякунонии қитъаҳои роҳиоҳан, модернизатсиякунонии инфрасохтори логистикӣ, рушди инфрасохтори роҳи оҳан ва азнавсозии системаи бехатарӣ дархост намуд, ки он пазируфта шуд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Котиби генералӣ иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ баргузории барномаҳои омӯзишӣ барои кормандони соҳа дар самти рақамикунонӣ, масъалаҳои гумрукӣ ва роҳи оҳан пешбинӣ шудаанд.

Инчунин дар доираи сафари корӣ  муовини вазир бо ҳамтоёни худ аз Гурҷистон, Булғория, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мулоқотҳо анҷом дода, оид ба самтҳои ояндаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла,бо Николай Найденов- муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Булғория масъалаи баимзорасонии лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Булғория оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.