News

slider_img
slider_img

Тақвияти ҳамкориҳо бо БОР

Date: 15-02-2023 Просмотрено: 1663

 

Ҳафтаи равон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони Бонки Осиёгии Рушд мулоқот намуд, ки зимни он масоили марбута оид ба ҳамкориҳои дуҷониба матраҳ гардиданд.

Дар вохӯрӣ  аз ҷониби БОР хонум Рика Иден – мутахассиси нақлиёт ва роҳбари намояндагии БОР, Нуриддинов Фаррух - мутахассиси калони лоиҳаи БОР дар Тоҷикистон,  хонум Венди Монтеалто - ёрдамчии калони амалиётии  БОР, хонум Муфара Ҳамидова - ёрдамчии калони лоиҳаи БОР дар Тоҷикистон ва аз ҷониби Вазорат Бобозода Раҳим Бозор – муовини аввали вазири нақлиёт,  Нуралӣ Арабзода -директори  Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо, Парвиз Шокиров - сардори шуъбаи таҳлил ва дурнамои  иқтисодӣ, Суҳроб Нурулло- сардори шӯъбаи кор бо сармояи хориҷӣ иштирок доштанд.

Нахуст, Вазир аз ҳамкори­ҳои судманд бо БОР изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки иқтисодиёти Тоҷикистон дар марҳилаи рушд қарор дорад ва Ҳукумати кишвар дар соҳаи нақлиёт ҷиҳати сохтмон ва бозсозии  роҳҳо тамоми чораҳои заруриро андешида ва амалӣ карда истодааст ва маҳз  бо дастгирии шумо дар ин ҷода корҳои зиёд анҷом дода шудаанд.

Бонки Осиёии Рушдро дар рушди соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ, ки тавассути маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳа амалӣ мегардад, хеле қадр мекунем. Дар бахши нақлиёт 4 лоиҳа бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии Рушд ба маблағи умумии 237,690 миллион доллари ИМА амалӣ карда мешавад.

Дар идомаи суҳбат Азим Иброҳим ҳамчунин иброз дошт, ки дар маҷмӯъ, Бонки Осиёии Рушд дар бахши нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 766 миллиону 610 ҳазор доллари амрикоиро маблағгузорӣ кардааст.

Вазири нақлиёт қайд кард, ки дар доираи Лоиҳаи устувории шабакаи роҳҳо моҳи сентябри соли ҷорӣ бомуваффақият анҷом додани таҷдиди шоҳроҳҳои Хулбук-Темурмалик-Кангурт ва Данғара-Лолазор бо дарозии умумии 87,8 километр пешбинӣ шудааст. 26 - уми январи соли равон бо ширкати «Nanjing Communication Engineering Co. Ltd» – и Ҷумҳурии мардумии Чин ва ҳамчунин бо ҶСП «Заводи Асфалту Бетон» Тоҷикистон оид ба сохтмони Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомбилгарди қитъаи 1 («Бохтар-Левакант, аз км 0,00 то км 9,72) ва қитъаи 2 («Левакант- Лолазор, аз км 9,72 то км 40,0») шартнома ба имзо расид, ки БОР саҳмгузори он аст. Лоиҳаи мазкур яке аз 5 лоиҳа мебошад, ки татбиқи он дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар дар охири соли 2022 соли 2023 пешбинӣ шуда буд.

Боз як икдоми муҳим дар ҷодаи рушди наклиёти кишвар лоиҳаи азнавсозии роҳи Данғара - Гулистон мебошад. Бояд гуфт, ки Лоиҳа аз экспертизаи давлатӣ гузашта, интизори маблағгузорӣ аст ва умедворам, ки дар давоми фаъолияти Шумо ин масъала низ ба таври мусбат ҳаллу фасл хоҳад шуд, илова намуд вазир.

Намояндагони БОР низ аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри густариши минбаъдаи ҳамкориҳо пешниҳодоти мушахас намуданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар назар аст, семинарҳо бо иштироки кормандони марбута доир гашта яке аз онҳо моҳи феврали соли равон бояд баргузор шавад, ки ин низ як гоми устуворест баҳри тақвияту вусъатбахшии ҳамкориҳои судманди минбаъда.