News

slider_img
slider_img

Раванди рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт

Date: 15-02-2023 Просмотрено: 1642

 

Рӯзи 15 феврали соли 2023 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода вохӯрӣ бо ҷамъиятҳову ширкатҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ оид ба рақамикунонии рухсатномаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату корхонаҳои марбута, намояндагони ширкатҳои нақлиётии ватанӣ ва ҳамчунин  барномасозони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон ва зиёда аз 20 намояндаи ширкатҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ иштирок доштанд.

Шоиста Саидмуродзода оид ба раванди рақамикунонӣ дар соҳаи нақлиёт, манфиат ва бартариҳои он сухан намуда, даъват ба амал овард, ки баҳри ҳарчи мукамалтар намудани ин ҷода бояд ҳама саҳмгузор бошанд.

  Зимни вохӯрӣ  тариқи рӯнамо барномасозони  маҳаллӣ бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон  барои иштирокдорон ҷиҳати бақайдирӣ ва истифодаи Барномаи электронии рухсатномаҳои байналмилалӣ  маъруза  намуданд.  Аз рӯи пешниҳоди рӯнамо барномаи мазкур кори истифодабарандагонро осон карда, шаффофият дар корро кафолат медиҳад.

Ҳамчунин баъди пешкаш намудани рӯнамо иштирокдорон ба суолҳои худ посух гирифта, намояндагони ширкатҳои нақлиётӣ баҳри боз ҳам мукаммал гаштани Барномаи мазкур фикру андешаҳои худро иброз доштанд.