Дар минтақаи Рашт низ бар асари боришоти пайи ҳам тармаҳои калон фуромада роҳоро банд кардаанд. Сардори МД "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт" Абдулхайр Саидаҳмадов зимни суҳбат иброз дошт, ки дар минтақаи Рашт боришоти шадид идома дошта, дар пайи он дар км 251, 251+200, 257, 258,249,304,306, то 308 тармаҳои калон фуромада, ҳаракати нақлиёт тавассути роҳҳо маҳкам гардидааст ва ба тамоми ноҳияҳо қувваи корӣ ва техника сафарбар гардида, оқибатҳои офати табииро бартараф намуда, ҳаракати васоити нақлиётро тавассути роҳҳо дар кутоҳтарин муҳлат бартараф хоҳем кард.
Аз ҷумла ба минтақаи Лахш 2 мехлопата, 1 грейдер ва 1 булдозер, равона карда шуд. Хушбахтона дар ин рӯзҳо Вазорати нақлиёт ба мо кумак менамояд. Рузи якуми феврал 10 тонна сӯзишворӣ ва боз иловатан 10 тоннаи дигар сӯзишвории дизелӣ дастрас гардид.