Дар ноҳияи Шуғнон бар асари боришоти пай дар пай дар мавзеҳои Ёмҷ, Сохчарв, Зевардашти ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонов, инчунин мавзеҳои Бидурд, Манем, Барсем ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаҳои Гожак ва Барчадеви ҷамоати деҳоти Ғ.Шаҳбозов, деҳаи Вабисти ҷамоати деҳоти Навобод ва дар ҷамоати деҳоти Ванқалъа инчунин ағбаи Куҳтезак бино бо сабаби боришоти зиёди барфу борон зиёда аз 50 тармаҳо фуромада, роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Шуғнон муваққатан баста шудааст.
Айни ҳол дар мавзеҳои номбурда 12 техникаи роҳсозии муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаҳои Шуғнон ва Ғунд ба тозакунии роҳҳо машғул буда, дар назар аст, ки дар муддати кӯтоҳ роҳҳои мошингард аз тарма тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои ҳудуди ноҳия таъмин карда мешавад.
Айни ҳол роҳҳои автомобилгард дар ҷамоатҳои деҳоти М.Ширинҷонов ва Поршинев аз тарма тоза карда шуда, дар ҷамоатҳои деҳоти Сучон, Ғ.Шаҳбозов, Навобод ва Ванқалъа корҳои тозакуниии роҳҳо аз тарма идома доранд.