Новости

slider_img
slider_img
slider_img

Бартарафсозии оқибати тармафуроӣ дар ВМКБ

Дата: 16-02-2023 Просмотрено: 1433

Бар асари боришоти пай дар пайи зиёд дар тамоми манотиқи кишвар  аз сабаби тармафуроӣ роҳҳо дар минтақаҳои куҳсори кишвар банд гардида,  роҳдорон шабу рӯз дар пайи тоза намудани роҳҳо аз тарма мебошанд.  Тармаҳои калон талафоти ҷонӣ низ дар пай доштанд.

         Чуноне, ки сардори МД "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди  вилояти ВМКБ" Далер Мукаррамшоев рузи 16 феврал соати 13.20 зимни сӯҳбати телефонӣ иброз дошт, ки бар асари боришоти шадиди барф дар саросари  вилоят тармаҳои хурду калон фуромада тамоми роҳҳои автомобилгард айни замон банд ҳастанд.  Дар навоҳиии Ванҷ дар Ванҷи боло, дар ноҳияи Рӯшон дар км 554,549,550, 552,489,490, дар ноҳияи Шуғнон дар км 557,549,607, 6,7, 3, - роҳи автомобилгарди Душанбе – Хоруғ - Кулма,  дар ноҳияи Роштқалъа дар км 8,11,12,90,  дар ноҳияи Ишкошим дар км 39,32,42,44,51,53, минтақаи Ғунд дар километрҳои 618,619, 622,623,645, дар ноҳияи Дарвоз дар км 343,345 ва дар водии Бартанг дар километрҳои 33,34,39,40,43,50,53,59 тармаҳои калон фуромада, роҳҳоро банд кардаанд.

         Роҳдорони вилоят ба боришоти беист нигоҳ накарда, шабу рӯз дар пайи бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ мебошанд. Айни ҳол аз Вазорати нақлиёт 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ иловатан равон карда шудааст, ки онро барои бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи фавқуллода ба ноҳияҳо тақсим мекунем. Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон, хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии мамлакат то 19 феврал боқӣ мемонад.