Хабарҳо

slider_img
slider_img

Мулоқоти вазири нақлиёт бо устодону донишҷӯёни ДТТ

Санаи нашр: 14-02-2023 Просмотрено: 1661

- Мақсади вохурӣ ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо Вазорати нақлиёт, дарёфти мутахассисони варзидаи соҳа ва дар ҳамкорӣ роҳи ҳалли мушкилоти соҳаи роҳу нақлиётро ёфтан аст, - гуфт вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни факултаи нақлиёт ва роҳи Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, ки рӯзи 14 феврал доир гардид.

Вазири нақлиёт нахуст бо донишҷӯёни факултаи нақлиёту роҳ, ки дар  синфхонаҳои  махсус дарс доштанд, суҳбат намуда, бо тарзи дарсгузаронии устодон аз наздик шинос гардид. Устодони Донишгоҳ оид ба гузарондани машғулиятҳо бо истифода аз таҷҳизоти техникӣ, коркарди маводҳои сохтмонӣ, қисмҳои алоҳиадаи  нақлиёти ҳавоӣ ва автомобилӣ, ки синфхонаҳо ҷиҳозонида шуда буданд, ба вазири нақлиёт маълумот доданд.

Суҳбати самимӣ бо донишҷуёни соли дуввуми факултаи нақлиёту роҳ сурат гирифт. Азим Иброҳим ба толибилмон аз солҳои донишҷӯии худ, заҳматҳои кашида дар роҳи интихоби касб ва фаъолияти кориаш дар соҳаҳои гуногун мисолҳо оварда,  мақсади интихоби касб ва дар оянда ба чӣ кор машғул шудан, сатҳи забондонӣ ва аз худ кардани фанҳои тахассусиро аз муассилин пурсон шуд ва ба онҳо тавсия дод, ки ба интихоби касб, илмомӯзиву забондонӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Вақти пурқимати худро беҳуда паси мизҳои донишгоҳ сарф накунанд. Аз имкониятҳое ки имрӯз доранд самаранок истифода кунанд, зеро тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такид мекунанд, ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст. 

Сипас, Азим Иброҳим бо роҳбарият ва устодони Донишгоҳи техникӣ суҳбати ошкоро ва самимиро анҷом дод. Бо мавзуҳои рисолаҳои  илмии  унвонҷӯён шинос гардида, аҳамият ва мақсади корҳои илмиро аз онҳо пурсон шуд.

Вазир изҳори қаноатмандӣ аз он кард, ки ҳар як мавзӯи интихобгардидаи унвонҷӯён барои бешбурди кори соҳа аз аҳамият холӣ нестанд, вале онҳоро на ба хотири соҳиби унвони номзад ё доктор шудан ҳимоя кунанд. Корҳояшон бояд барои ояндаи халқу Ватан манфиатовар бошанд.

На танҳо Вазорати нақлиёт, балки давлат  имрӯз ба мутахассисони болаёқати соҳа, бахусус мутахассисони соҳаи барномасозӣ (IT), рақамикунонӣ ва техникӣ ниёз доранд ва онҳоро шумо устодони Донишгоҳ тайёр мекунед. Мо аз ҷониби худ ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва дастгирӣ ҳастем, - гуфт Азим Иброҳим.

Сипас, роҳбарият ва устодони  ДТТ барои мулоқоти самимӣ ба Вазири нақлиёт изҳори сипос намуда, оид ба ҳамкориҳои минбаъда бо Вазорати нақлиёт таклифҳо пешниҳод доштанд, ки хуш пазируфта шуданд.