Новости

slider_img
slider_img
slider_img

Машварати корӣ бо фаъолони шаҳри Кӯлоб

Дата: 13-02-2023 Просмотрено: 1101

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон вазири нақлиёт ҳамзамон роҳбари Гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим бо фаъолони шаҳри Кӯлоб машварати корӣ доир намуд. Дар машварат Раиси шаҳри Кӯлоб, аъзоёни Гуруҳи корӣ, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва МИҲД дар шаҳри Кӯлоб, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзили шаҳр, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

Дар идомаи кори ҷаласа Вазири нақлиёт изҳор намуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар ва хотирмон таҷлил намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки моро мебояд дар фаъолияти кории худ масъулиятшинос бошем. Ҳамчунин масъулин вазифадор гардиданд, ки нақшаи корӣ тартиб дода, тибқи он ҳамарӯза корбарӣ намоянд.

Вазири нақлиёт аз масъулин талаб намуд, ки то 20 марти соли равон руйхати даъватшавандагонро тартиб дода, ба волидайни онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монанд. Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар барои ҳар як фарзанди баору номус қарзи фарзандӣ дар назди Ватан-модар мебошад.

Ҳамчунин, роҳбари Гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ аз масъулини соҳаи кишоварзи хоҳиш ба амал овард, ки ҳар як ваҷаб замин бояд кишт гардида, самаранокии истифодаи заминҳои наздиҳавлигиро низ бояд таъмин намоянд. Саривақт анҷом додани кишту кори баҳорӣ ин кафолати таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад, ки таҳти назорати ҷиддии Роҳбари давлат қарор дорад, - қайд намуд Азим Иброҳим дар машварати корӣ ва баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Истиқлоли кишвар ба масъулин дастурҳо дод.