Новости

slider_img
slider_img
slider_img

Азим Иброҳим аз корҳои сохтмонӣ дар “Осорхонаи 2700 солагии шаҳри Кулоб” дидан кард

Дата: 13-02-2023 Просмотрено: 2149

Ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёт ба ҳайси робари Гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб аз рафти корҳо дар сохтмони иншооти ҷашнӣ дидан намуд. Дар иншооти сохтмонии Маҷмааи “Дасти дуои Модар” ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тавсия дода шуд, ки бо назардошти он ки ин Маҷмаа аҳамияти иҷтимоӣ дошта, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва истироҳати сокинону сайёҳон бояд дар он шароити хуб муаҳаё карда шавад. Аз ин хотир нигоҳубини пайваста ва корҳои поккорӣ дар ин мавзеъ дар сатҳи баланд таъмин карда шавад.

Аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Осорхонаи 2700 солагии шаҳри Кӯлоб Вазири нақлиёт изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки суръат ва сифати корҳо бояд беҳтар ба роҳ монда, корҳои сохтмонӣ дар муҳлати муайян ба анҷом расонида шаванд.