News

slider_img

Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи Данғара-Лолазор-Бохтар

Date: 13-02-2023 Просмотрено: 1625

Вазири нақлиёти кишвар зимини сафари корӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи Данғара – Лолазор -Бохтар, ки дар доираи лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомбилгарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт сохта мешавад, дидан намуда, ҷиҳати саривақту бо сифат анҷом додани кор ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Зимни боздид аз лоиҳаи мазкур Азим Иброҳим ҳамчунин бо намояндагони ширкати Паймонкор ва ширкати машваратчии СМЕКА-и Австралия ва кормандони маҳаллӣ машварати корӣ анҷом дода, ба онҳо тавсия дод, ки дар таъмини назорти сифати корҳои сохтмонӣ фаъолона иштирок карда,  корҳои сохтмониро ҳамарӯза таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва иҷрои бо сифати корҳоро таъмин намоянд. Ин қитъаҳои роҳ ду минтақаи вилоят – Кӯлоб ва Бохтарро бо ҳам пайваст намуда, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбариву боркаш тавассути ин минтақаҳо имкон фароҳам меорад.

Дар минтақаи сохтмонии лоиҳаи Ҳулбук-Темрумалик-Кангурт ба Паймонкор дастур дод, ки бо сабаби кам мондани муҳлати татбиқи лоиҳа корҳоро беҳтар ба роҳ монда, дар муҳлати пешбинишуда тамоми корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба анҷом расонад.