Вазири нақлиёт рӯзҳои 10-11 январи соли равон, бо мақсади назорати корҳои бартафсозии оқибати боришоти ба амал омада дар шоҳроҳи Душанбе-Данғара-Кулоб ба минтақаи Кулоби вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафари корӣ бо роҳбарият ва масъулини МД “Ихраи хоҷагии роҳҳои минтақаи Кӯлоб”вохӯрӣ намуда, вазъи роҳҳои минтақа, омодагии техникаи роҳнигоҳдорӣ ва бе мушкилӣ таъмин кардани тозакунии роҳоро мавриди баррасӣ қарор дод. Ба масъулини соҳа дастур дод, ки ҷиҳати дар тамоми фасли зимистон кушода нигоҳ доштани роҳи мазкур, ки барои кишварамон аҳамияти стратегӣ дорад чораҳои зарурӣ андешанд.