Новости

slider_img
slider_img

Меъёр 40 тонна аст! Риоя бояд кард, то ин, ки роҳ нашиканем

Дата: 09-02-2023 Просмотрено: 1126

Автомобилҳои гаронвазни бо бори зиёда аз 40 тонна, вақтҳои охир роҳҳои бо заҳмату маблағи зиёд сохташударо вайрон карда, ба соҳаи роҳсозӣ хисорот  расонида истодаанд.

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ин самт, яъне  ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш ва ҷиҳати иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №779 (№535) «Дар бораи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёти бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд» назоратро пурзӯр намуда, ҳамарӯза нисбати қоидавайронкуниҳои ошкоргардида чораҳои маъмурӣ меандешанд.

 

Ин аст, ки дар давоми чор моҳи охир  17742 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 2,8 млн сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  188% зиёд мебошад. Бағайр аз ин барои интиқол додани борҳои калонҳаҷм ва вазнини тақсимнашаванда дар маҷмуъ 163 иҷозати махсус дода шудааст.

 Дар натиҷаи пурзӯр намудани назорати фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркашонӣ шумораи воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард рӯз аз рӯз кам гардида  истодааст.

Мувофиқи қарори болозикр ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн бояд чунин бошад:

Бари ҳама намуди воситаҳои нақлиёт 2,5 метр, дар воситаҳои нақлиёти рефрежиратордор бараш 2,6 метр, баландӣ дар ҳама намуд воситаҳои нақлиёт 4 метр, дарозии воситаҳои нақлиёти устувор 12,0 метр  ва вазни воситаи нақлиёт якҷоя бо бор аз  40 тонна зиёд бояд набошад. Ҳамчунин барои борҳои тақсимнашаванда иҷозати махсус муқаррар гардида, онро ҳам бояд дар мошинҳои гаронвазн аз рӯи масофаи байни меҳварҳо, ки тибқи қарори болозикр муайян гардидаст, риоя намоянд.

Барои риоя накардани андозаҳои муқарраргардида ва аз меъёр зиёд гирифтани бор аз 0, 20 то 0, 30 доллари ИМА барои 1 тоннаи иловагӣ дар як километр ҷуброн таъин карда шудааст.

Роҳбари нави ХДНТ дар соҳаи нақлиёт Далер Қурбонзода мегӯяд, ки мо кӯшиш мекунем, фаъолиятро дар ин самт боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, роҳҳоро аз вайроншавӣ нигоҳ дорем, зеро вазни воситаи нақлиёти бораш аз 40 тонна зиёд (барои мошинҳои аз 6 меҳвар зиёддошта 44 тонна) роҳро шикаста, муҳлати лоиҳавии истифодабарии роҳҳоро кам мекунад ва дар натиҷа ба давлат садҳо миллион доллари ИМА зарари молиявӣ мерасад.