Дар нишасти хабарӣ, ки рӯзи 1 феврали соли равон дар Вазорати нақлиёт доир гардид, вазири нақлиёт Азим Иброҳим ба саволҳои хабарнигорон дар бораи паст кардани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар робита ба паст гардидани нархи маводи сӯхт, сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ – Ҷайҳун - Панҷи Поён, истифодаи кортҳои пардохти роҳкиро, воридшавии мошинҳои боркаши ватанӣ ба Чин, таъмири роҳҳои маҳалӣ ва пулҳои вайронгардида, хисороти боришот ба роҳҳо ва дигар масъалаҳои марбути соҳа посух дод.
Дар нишаст намояндагони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ, муовиниони вазир ва сaрадорони идораву муассисаҳои Вазорат иштирок дошта, хабарнигорон ба саволҳои пешниҳодкардаашон аз ҷониби роҳбарияти вазорат посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.