Хабарҳо

slider_img
slider_img

Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои роҳу нақлиёти ВМКБ

Санаи нашр: 29-01-2023 Просмотрено: 1604

Вазири нақлиёт Азим Иброҳим 26-29 январи соли 2023 ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафари корӣ дар роҳи автомобилгарди Қалъаихумб-Ванҷ, аз ҷумла сохтмони нақб дар мавзеи Кеврони ноҳияи Дарвоз (бо дарозии 3400 метр)  бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, бо  муҳандисон ва кормандон суҳбатҳо анҷом дод.

Инчунин, аз роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Ишкошим дидан намуда, барои беҳтар намудани вазъи онҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас, бо  пешбинӣ намудани  муҳлат, дод.

Ҳамзамон, дар партави иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳсозон дастур дода шуд, ки дар муҳлати кутоҳтарин роҳи автомобилгарди  ноҳияи Рушон то шаҳри Хоруғ тахту ҳамвор карда шавад.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби корхонаҳои роҳсозии Вазорати нақлиёт дар минтақа 45 км роҳ  тахту ҳамвор гардида, бо мусоид гардидани обу ҳаво дар 85 км боқимонда корҳо оғоз хоҳанд гардид.