Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Қарордоди роҳҳои Бохтар – Левакант ва Лолазор - Левакант

Санаи нашр: 26-01-2023 Просмотрено: 4160

Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим рӯзи 26- уми январи соли равон бо ширкати «Nanjing Communication Engineering Co. Ltd» – и Ҷумҳурии мардумии Чин ва ҳамчунин бо ҶСП «Заводи Асфалту Бетон» - Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомбилгарди қитъаи 1 («Бохтар-Левакант, аз км 0,00 то км 9,72) ва қитъаи 2 («Левакант- Лолазор, аз км 9,72 то км 40,0») шартнома ба имзо расонд.

Лоиҳаи мазкур яке аз 5 лоиҳаҳое мебошад, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар оғоз бахшидани онҳо дар соли 2023 супориш шуда буд.

Ҳамчунин Сарвари давлат дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба Вазорати нақлиёт оид ба амалӣ намудани ин дастурҳои Паём супоришҳои мушаххас дода буданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ду ширкати маҳаллӣ: ҶДММ «ИДЕАЛ-СЕРВИС» ва ҶСП «Заводи Асфалту Бетон» дар озмуни байналмилалӣ, ки зиёда аз 18 ширкати хориҷӣ низ иштирок дошатанд, дар рақобати солим аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд ғолиб дониста шуданд ва табиист, ки сад фоиз кормандони маҳаллӣ ба кор гирифта мешаванд. Назорати сифати сохтмонро ширкати австралиягии СМЕК амалӣ мекунад.  

Вазири нақлиёт Азим Иброҳим изҳори боварӣ намуд, ки лоиҳаҳои мазкур бо сифати баланд ва дар вақти муайян ба итмом хоҳад расид.